Солимии ҷомеа аз фаъолияти самараноки табибон вобаста аст6-02-2019, 11:02
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
![]() ФАРХОР. Тибқи ҷавдали тасдиқгардидаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази бемориҳои сил" мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар мулоқот Алиҷон Назаров ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба масъулини соҳаҳо дода буданд, суханронӣ намуд. Аз он ҷумла қайд гардид, ки солимии ҷомеа аз фаъолияти самараноки табибон вобастагӣ дорад. Илова бар ин оид ба ҳадафу ниятҳои шуми ҳизби наҳзати ислом, ки роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ вақтҳои охир зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати фирефта кардани мардум баромадҳо карда истодааст, суханронӣ намуд. Ҳамчунин, моҳияти Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандиро ба ҳозирин фаҳмонид. Дар охири мулоқот ба иштирокдорон тақвимҳои кисагӣ ва нашри махсуси "Ҳамрози халқро" дастрас намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.