Вохӯрӣ15-02-2019, 08:48
Хабарро хонданд: 650 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дирӯз дар кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ бо раисони КИИ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба мавзӯи “Пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм” доир гардид. Перомуни мавзӯъ мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. баромад намуда, оид ба мушкилоте, ки солҳои охир тамоми ҷаҳони муосирро ба изтироб овардааст, яъне хатари терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб андешаронӣ кард. Ӯ дар бораи ноамнии кишварҳое, ки террористону экстремистон он ҷойҳоро ба майдони ҷангҳои даҳшатбору харобазор табдил додаанд, ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки дар даҳсолаи охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротгароидошта дар тамоми мамолики дунё торафт зиёд гашта истодааст. Таъкид бар он намуд, ки бояд мо барои пойдории сулҳу амонӣ дар кишвар ҳамеша ҳушёриро аз даст надода, давлату миллатро аз чунин падидаҳои хатарзо эмин дорем. ![]() Роҷеъ ба маърӯза Охунова А., раиси шӯрои собиқадорони назди кумиҷроияи ноҳиявӣ, Ҷӯраева М., муовини озоди КИИ ҲХДТ дар минтақаи Хистеварз ва Раҳимов А., раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаи №1-и минтақаи Хистеварз ба музокира баромаданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.