ҶАРАЁНҲОИ ИФРОТӢ ВА МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ21-04-2018, 16:35
Хабарро хонданд: 459 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи гузашта дар толори факултети телекомуникатсия ва технологияи иттилоотӣ конференсияи илми амалии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба номи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Ҷараёнҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм” бо иштироки донишҷӯён ва устодони ҷавони факултети номбурда, ҳамчунин намояндаи Вазорати корҳои дохилии ШВКД-и шаҳри Хуҷанд копитани милитсия Ҷабборов Шараф ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ширкат варзиданд. Пас аз сухани ифтитоҳии муовини Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии Бобоҷон Ғафуров, дотсент Умаралиева Ӯ. ба ҳозирин меҳмононро муаррифӣ намуда, хайрамақдам гуфт ва бо барномаи конференсия ошно сохт. Дар рафти конференсия 3 маърӯза аз рӯи барнома амалӣ гашт. Аз ҷумла “Ҷараёнҳои ифротӣ а мубориза бо тероризму экстремизм ” баромди Умаралиева Ӯ дар мавзӯи “Экстремизм ва тероризм –вабои аср” аз ҷониби Раиси ташкилоти ибтидоии “Иттилоот” Абдуназар Шукуров ва оид гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баромад карда афзуданд ҳарчанд таҳлили ҷараёнҳои ифротӣ ва салафигарӣ дар Ислом ба зоҳир осон аст, вале нигоҳе аниқтар ба асли масъала ташкил ва рушди он нишон медиҳад, ки ҷараёнҳое, ки имрӯз олами арзи вуҷуд дорад, худашон ва ҷонибдоронашон ба зарарҳои калон рӯ ба рӯ мешаванд. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар паёми хеш ба ин масъала таваҷҷӯҳи алоҳида зоҳир намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуда буданд. “Рӯйдодҳои охирини ҷаҳон, яъне боз ҳалли тезу тунд гардидани вазъ дар Шарқи наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтааст”. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо-Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Яке аз ҷараёнҳои ифротӣ ин ҷараёни “Салафия” маҳсуб меёбад, ки маънояш “гузашта”-ро ифода мекунад ва аз калимаи “Салаф” гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки Экстремизм ва терроризм-вабои аср реша давонидааст. Инчунин оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баромадкунандагон мушаххасан ба таҳлил доданд. Дар фарҷоми конференсия мубодилаи афкор бо иштирокдорон сурат гирифта ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Пас аз баррасии масъалаҳо аз рӯи барнома ба конференсия ҳусни хотима дода шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.