Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИСТИРОҲАТИ ХУБ, БЕҲТАРИН ТАБОБАТ АСТ

ИСТИРОҲАТИ ХУБ, БЕҲТАРИН ТАБОБАТ АСТ

8-02-2019, 08:48
Хабарро хонданд: 518 нафар
Назарҳо: 0
ИСТИРОҲАТИ ХУБ, БЕҲТАРИН ТАБОБАТ АСТ

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти он ба шумор рафта, баҳри рушду нумӯи ин соҳаи басо муҳим аз буҷаи кишвар ҳамасола маблағҳои назаррас пешбинӣ мегарданд. Ин аст, ки баҳри беҳдошти саломатии мардум давоми солҳои истиқлолият дар мамлакат ҳазорон муассисаҳои тандурустии хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд. Ҳукумати кишвар зимнан ҷиҳати рушди бахши истироҳатию табобатӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар бунёди инфрасохтори муосир заминаҳои мусоид фароҳам овард. Солҳои охир дар мамлакат маҷмӯаи истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Соҳил» дар ш. Гулистон, «Ӯротеппа», «Авис», «Ҳавотоғ» дар ш. Истаравшан ва садҳо истироҳатгоҳу табобатию профлактикӣ дар дараҳои хушманзараи Варзоб, Ромит, Қаратоғ, Ширкент, Раштонзамину Помир қомат афрохта, Тоҷикистонро ба қатори давлатҳои дорои захираҳои бузурги сайёҳию табобатӣ дохил намуд.
Танҳо ин, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018-ум «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба густариши соҳаи сайёҳию табобатӣ такони ҷиддӣ дода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, вазорату идораҳои дахлдор ва соҳибкоронро водор намуд, ки ба рушди устувори ин соҳа таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Дар ҷаҳон теъдоди зиёди давлатҳое мавҷуданд, ки қисми асосии даромади буҷаи давлатиашон аз ҳисоби рушди соҳаи сайёҳӣ ба даст меояд. Тоҷикистони азизи мо метавонад бо табиати нотакрор, иқлими мусоиди кӯҳистону манбаҳои бузурги обҳои тоза, инфрасохтори рӯ ба рушд, расму оини хоси худ дар риштаи сайёҳӣ пешсаф бошад. Гузашта аз ин диёри биҳиштосои мо дар минтақа дорои манбаҳои бузурги обҳои маъдании табобатӣ аст, ки теъдоди онҳоро беш аз дусад адад баршумурдаанд. Манбаҳои обҳои маъданиро дар тамоми ҳудудҳои маъмурии ҷумҳурӣ дучор омадан мумкин аст, ки дар ҳоли дуруст ва оқилона истифода намудани он Тоҷикистон метавонад дар радифи кишварҳое, ки индустрияи бузурги сайёҳию табобатӣ доранд, ворид шавад. «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Роҳбари давлат ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои мусоиди рушд дар ин самт имконоти густурда муҳайё месозад.
Яке аз муассисаҳои табобатию истироҳатие, ки меваи даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад, ин ҶДММ «Сатурн-люкс» аст, ки дар мавзеи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор қарор гирифтааст ва шурӯъ аз соли 2010 аз ҷониби соҳибкори маъруфи ватанӣ дар теппаҳои доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор зина ба зина бунёд гардида истодааст. Истироҳатгоҳи мазкур, ки бо тарҳу усулҳои хоси меъмории шарқӣ бунёд гардидааст, яке аз намунаҳои олии санъати меъмории миллӣ маҳсуб гардида, дар он мизоҷону беморон истироҳату табобат мегиранд ва дар айни вақт имкон доранд аз табиати нодири гирду атроф ва мавзеъҳои истироҳатию таърихии ноҳия баҳра бардоранд.
Асоси табобат дар осоишгоҳи «Сатурн-люкс» ин оби маъдании намуди «сулфати натрий» аст, ки аз умқи 1830 метр аз қаъри замин дастрас мешавад. Ин навъи оби маъданӣ барои тамоми узвҳои бемории дарунии инсон муфид мебошад. Илова бар ин табобати гиёҳдармонӣ, ки бо истифода аз 44 намуд гиёҳҳои талу теппаҳои гирду атрофи осоишгоҳ ҷамъоварӣ шуда, роҳандозӣ мешаванд, имкон медиҳад, ки бо усули таҷрибашудаи ниёгон мизоҷонро табобат кунанд.
Дар суҳбат бо мо табибони муассисаи мазкур шарҳ доданд, ки ба мизоҷон рӯзе 3 маротиба, ним соат пеш аз хӯрок 100-200 мл оби маъданӣ тавсия дода мешавад. Илова бар ин дар як давраи табобатӣ вобаста ба ҳолати бемор 4-5 маротиба шустани рӯдаҳо бо оби маъдании Шоҳамбарӣ низ хеле манфиатовар аст, - таъкид намуданд онҳо.
Инчунин дар истироҳатгоҳи «Сатурн-люкс» чунин навъи табобат истифода бурда мешавад:
зараҳуққа бо равғани ангат ва гули бобуна;
зараҳуққа бо равғанҳои гуногуну лойи табобатӣ;
қабули ванаҳои минералии табобатӣ ҳамарӯза ва оббозӣ дар ҳавзҳои серкулярӣ бо маҳси табобатии зериобӣ;
табобат бо усули хоси буғи маъданӣ бо истифодаи гиёҳои шифобахши Тоҷикистон;
регдармонӣ;
буғдармонии одӣ;
табобати лазерии простата;
табобати простата ва узвҳои занона бо буғу қуму реги табобатӣ;
муолиҷа бо дастгоҳои барқии физиотерапевтӣ- электрофарез, маҳси барқӣ, муолиҷаи лазерӣ ва ғайра;
гиёҳдармонӣ бо 44 намуд гиёҳ;
маҳсҳои табобатии бадан;
сӯзандармонӣ;
тозакунии талхадон
Тақрибан тамоми усулҳои табобатие, ки дар осоишгоҳи «Сатурн-люкс» амалӣ карда мешавад, дар сатҳи байналмилалӣ қарор дорад. Дар ин осоишгоҳ бемориҳои ҷинсии мардонаю занона, бемориҳои асаб, бемориҳои пӯст, бемориҳои ғадуди ҷоғар, системаи такягоҳу ҳаракат аз қабили астрахондрози сутунмӯҳра, артрози буғумҳо, артритҳо, намаки буғумҳои дасту пой ва пайвандҳо, бемории санги талхадон, диабети қанд, илтиҳоб ва табобати захмҳои рӯдаҳои борику ғафс, илтиҳоби ҷигар, илтиҳоби талхадон ва ғадуди зери меъда, захмҳои меъдаю рӯдаи 12-ангушта ва илтиҳоби ин ду узв ва мисли ин табобат карда мешаванд
Барои истироҳаткунандагону беморон 4 марҳилаи табобатию истироҳатӣ муайян шудааст:
Барои 3 рӯз 750 сомонӣ, 6 рӯз 1500 сомонӣ, 10 рӯз 2500 сомонӣ ва 12 рӯз 3000 сомонӣ пардохтан мумкин аст, ки дар муқоиса бо дигар осоишгоҳҳои хориҷӣ, ки дорои чунин имкониятанд бо назардошти сатҳи баланди хизматрасонӣ ба маротиб арзон аст.
Давоми 8 сол аз тарафи соҳибкор баҳри бунёди ин осоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ беш аз 27 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, оби табиии нӯшокӣ аз чашмаҳои нодири кӯҳистон аз масофаи 14 км оварда шудааст. Имрӯз барои мизоҷон 50 ҳуҷра омода буда, солона 1300-1500 нафар истироҳату табобат менамоянд. Теъдоди хоҳишмандон сол то сол афзоиш ёфта, муассисони осоишгоҳро водор месозад, ки биноҳои нави табобатӣ бунёд кунад.
Шумораи кормандон 75 нафар буда, 25 нафар сохтмончиён ба таври доимӣ кору фаъолият доранд, ки музди миёнаи маошашон аз 1200 то 3800 сомониро ташкил медиҳад. Дар суҳбат яке аз мизоҷон Давлаталӣ Шеров, сокини деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара иброз намуд, ки «Он чи ки ин ҷо бунёд шудааст, як мӯъҷизааст. Барои табобату истироҳати инсон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Роҳбари ин корхона Абдусаттор Назриев чун муҳандису меъмор ва мисли қаҳрамони афсонавӣ Фарҳод – синаи кӯҳро шикофта барои мардум мавзеи биҳиштосое бунёд кардааст, ки тасаввурнопазир аст. Офарин ба чунин бунёдкорону фидоиён, ки барои осоиши мардум заҳмат мекашанд».
Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-и «Рухом"- Ҳошим Муҳаббатов иброз намуд, ки барои ман истироҳату табобат дар осоишгоҳи «Сатурн-люкс», ки эҷози дастони Назриев Абдусаттор будааст, басо хуш омад. Ман танҳо як чизро мехоҳам арз кунам: «Офарин ба чунин ҷавонмардон, ки раҳнамоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, хизмат намудан ба халқу ватанро ба худ касб намудаанду дар ин кор басо муваффақ ҳам шудаанд».
Ногуфта намонад, ки ҳамасола аз тарафи ҶДММ «Сатурн-люкс» 500-550 ҳазор сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ супорида мешаванд, ки қадами устуворе дар ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар мебошад.
Дар суҳбат директори ҶДММ «Сатурн-люкс», раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Абдусаттор Назриев иброз намуд, ки «барои ман чун соҳибкору шаҳрванд хизматҳои Пешвои муаззам, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат буда, маҳз ғамхориҳо ва роҳнамоиҳои он кас моро водор намуд, ки барои насли оянда як гӯшаи кӯҳсори ватанро обод кунем. Дар осоишгоҳ тамоми инфрасохтори заруриро бунёд намудем, то шаҳрвандони азизи мо бо усулҳои муосир ва суннатии табобат дар сатҳи баланд истироҳат ва табобат кунанд, истироҳати хуб, ин беҳтарин табобат аст».
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки таърихи 30 январи соли равон, дар озмуне, ки аз ҷониби Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҶДММ «Сатурн-люкс» мақоми аввалро соҳиб шуд.

Саиди Ҳайдар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: