Нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ»-ро сокинони маҳал бо хушнудӣ пазируфтанд6-02-2019, 09:33
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
ҲАМАДОНӢ:- Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нашри махсуси нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ»-ро, ки ба Кумитаи иҷроияи ноҳия 5000 нусха ба таври ройгон дастрас гардид, ба сокинони маҳаллаю деҳаҳои ноҳия дастрас карданд. Дар маҳаллаҳову деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Даштигуло, Чубек ва шаҳраки Москва нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ» мавриди омӯзиши сокинон қарор гирифт. Дар дастрас кардани нашрияи махсус раисони Кумитаи маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони деҳаҳо иштирок доштанд. Сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо як фараҳмандию болидарӯҳӣ нашрияи хонданибобро мутолиа карда, ба кору фаъолияти ҳизбиёни вилоят ошногӣ пайдо карданд ва ҳамчунин дониши сиёсии худро ғанӣ гардонданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.