Каъбаи умеди мо халқ асту бас!6-02-2019, 09:30
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
ҶАЙҲУН.Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқотҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии Меҳнаткашон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон ва сокнони маҳаллаи Лоҳутии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ баргузор гардид. Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки барои мо боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки нахустин шумораи нашри махсуси нашрияи «Ҳамрози халқ»-ро ба Шумо пешниҳод менамоем. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом баланд бардоштани сатҳи мафкураи сиёсии мардум ва пур кардани холигоҳи идеологии ҷомеа буда, матолиби дар он нашршуда пеш аз ҳама ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳар як шаҳрванд аз таҳоҷуми тӯфони хатарҳои ҷаҳони муосир мебошад. Хамчунин дар рафти чорабини вобаста ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуд, ки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ҷиҳати мусоидат дар татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба сокинони вилоят Муроҷиат намудааст. Аз ин рӯ, ба ҳар яки Шумо эҳтиромона муроҷиат намуда, даъват ба амал меоварем, ки: новобаста аз касбу кор, шуғл, вазъи иҷтимоӣ дар якҷоягӣ вазифаи худро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяну мушаххас ва амалӣ намоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.