Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паём ифодагари манфиатҳои миллӣ!

Паём ифодагари манфиатҳои миллӣ!

4-02-2019, 09:43
Хабарро хонданд: 289 нафар
Назарҳо: 0
Паём ифодагари манфиатҳои миллӣ!

АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, тамоми паҳлуҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба тафсил матраҳ гардида, вазифаҳои яксолаи давлату Ҳукумат дар назди вакилон гузошта шуд. Соли сипаришуда бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳим барои тамоми тоҷикистониён як соли таърихӣ буда, хотирмон боқӣ хоҳад монд.

Ба он хотир таърихиест, ки дар соли 2018 дар самти барқарор гаштани муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии ҳамсояи мо Ӯзбекис­тон мебошад, ки барои тамоми аҳолии ҳар ду кишвар судманд ва хотирмон аст. Бо эҳё гаштани муносибатҳои дӯстона, пеш аз ҳама, дар сатҳи ду кишвар муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор шуд. Инчунин, барои мардум дарҳои байни сарҳаде, ки ҳазорсолаҳо кушода буд, бо як дину оин, фарҳангу суннатҳои дерин солҳои зиёд ба ҳам зиста буданд, кушода шуд ва «рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд»,- қайд гардид дар Паём.

Дигар воқеъияти хотирмон ин ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и Роғун буда, ормони чандинсолаи мардуми Тоҷикистон аст, ки дар моҳи ноябри соли 2018 амалӣ гардид. Маҳз талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки моро ба ин орзуи афсонавӣ расониданд. Инчунин, дар моҳи марти соли 2018 бо иштирок ва ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки амали воқеан сутуданӣ ва таърихӣ мебошад. Маҳз ба ин васила, метавон ба яке аз мушкилиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ расидагӣ намуд.

Аз масъалаҳои дигари ҳаётан муҳим, ки дар Паём зикраш рафт ин ҳам бошад саноатикунонии босурати кишвар мебошад, ки ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда, таъкид карданд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22% расонида шавад.

Барои гузаштан ба саноатикунонии босуръат дар кишвар аллакай мо заминаҳои устувор дорем. Бо кор даромадани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар моҳи ноябри соли 2018 ва дар семоҳаи аввали соли 2019 ба истифода додани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқии обии Роғун имконият пайдо мегардад, ки корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор андохта шуда, корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта шаванд. Истеҳсоли пахта, ки ҳамчун ашёи хоми истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсол мегардад, имконият медиҳад корхонаҳои коркарди пахтаи аз кор монда ба кор дароварда шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ сохта шаванд, Заминаи дигар ин дар донишкада ва донишгоҳҳои дохилию хориҷии мамлакат тайёр шуда истодани кадрҳои баландихтисос бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Инчунин, захираҳои бойи канданиҳои зеризаминӣ, ки истифода нашудаанд, имконият муҳайё менамояд то саноаткунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад.

Дигар масъалае, ки дар Паём зикр гардид, ин эълон шудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест ва барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо ин васила Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мувофиқи ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ҳамаи маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободониро дар амал татбиқ намуда истодааст.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани вазифаҳои дар Паём омада сатҳи зиндагии мардум боз ҳам болотар гашта, мо ба ҳадафҳои гузоштаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам наздиктар мегардем.



Абдулҳаев Маҳмасаид- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: