Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба органи олии қонунбарори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар он рӯзҳое ироа гардид, ки сокинони кишварро ҳанӯз сарбаландиву ифтихор аз руйдоди муҳим дар сарнавишташон-ба кор дароварда шудани чархаи якуми НБО “Роғун” ва дар ин замина гузошта шудани қадами ҷиддӣ ба суи истиқлолияти энергетикӣ тарк накарда буд.
Пешвои муаззам баробари таҳлили амиқи фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба якчанд масоили муҳим рӯ оварданд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавии ҷомеа саривақтӣ ва ҳатмӣ маҳсуб мешавад.
Фикру андеша ва дастурҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гузаштани иқтисодиёти кишвар аз сохтори аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии мамлака бешак ба рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоити кишвар таккони ҷиддӣ хоҳад дод. Аз ҷониби такроран мегӯям, ки ба фаъолият оғоз кардани навбати якуми НБО “Роғун”имкон медиҳад, корхонаҳои нави саноатӣ бо истифода аз энергияи сабз барои бошандагони кишвари дари худро кушояд. Дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо ва одамони бекор бо ҷойи кориву маоши хуб таъмин мешаванд ва табиист,ки сатҳи некӯаҳволии эшон боло хоҳад рафт.
Ҳамзамон эълон шудани солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ басо муҳим мебошад, ки ин иқдом бинобар доираи васеъ доштани иҷрои корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пеша карда шудааст. Албатта, мақсади асосии он боз ҳам ободу зебо гардидидани ҳар деҳа ва маҳалли аҳолинишини кишвари соҳибистиқлоламон-Тоҷикистони азизу маҳбуб мебошад. Таъкид гардидани он, ки “зиндагии мардум ҳамон вақт дар сатҳи зарурӣ мешавад, ки агар ҳар як аъзои ҷомеа дорои касбу ҳунари муайян бошад” далели он аст, Пешвои муаззам кулли дастуру ҳидяотҳои созандаи хешро дар заминаи таҳлилҳои амиқу дақиқ баъдан ироа медоранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мамлакати мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ширкати Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз шуд, ки санаи 20-уми декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро якдилона ва бо шарикии 190 кишвари узви созмон хушнудона пазируфт. Ин далели он аст, ки Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза яке аз ташаббускорони иқдомҳои нек ба ҳисоб рафта, пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хушнудона истиқбол гирифта мешавад. Дақиқтар гӯем ин ва дигар эътирокуниҳо дар сатҳи байналмилалӣ далели боз ҳам болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналхалқӣ аст.
Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи дар он баёнгшуда барои беҳбудии буду боши халқ ва ободониву сарсабзии кишвару таъмини амнияти давлату ҷомеа равона карда шудааст.
Ҷаҳонгир Ҷабборов,
вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи нтихоботии «Ёва,67»-и ноҳияи Б.Ғафуров