Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЁМИ ПЕШВО -роҳ ба сӯи фардои дурахшон

ПАЁМИ ПЕШВО -роҳ ба сӯи фардои дурахшон

4-01-2019, 08:45
Хабарро хонданд: 429 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМИ ПЕШВО -роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Барои миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат чун як оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ дониста мешавад. Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, саршори ғояҳои нави бунёдкорона буда, моро ба шоҳроҳи тараққиёти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамояд.
Президенти мамлакат дар Паём соли 2018-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ арзёбӣ намуда, расман оғоз гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буд, ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мулоқоту музокироти дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни ин кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар, ки ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ҳамчун рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми мо баррасӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад. Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Оғози корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Бунёди нерӯгоҳҳои барқии обии “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2”, оғози татбиқи лоиҳаи КАСА — 1000, таҷдиди нерӯгоҳи Барқии обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500 киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии “Лолазор”, Хати интиқоли барқи баландшиддати 220 киловолтаи “Лолазор — Хатлон”, Зеристгоҳи барқии “Хатлон”, Хати интиколи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб Шимол”, ба истифодадиҳии навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии 2 — и Душанбе бо иқтидори 100 мегаватт, идомаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии 2 — и Душанбе бо иқтидори 300 мегаватт, аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикист, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо роҳбарии Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гардидааст. Дар маҷмӯъ, дар зарфи бисту панҷ соли истиқлолият дар кишварамон зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода шуданд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи неругоҳҳои руди Вахш аз боло нӯҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ карда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар давраи истиқлолият зиёда аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.



Боиси ифтихори баланди ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамасола тариқи ироаи Паёми хеш, аз дастовардҳои солҳои қаблӣ ёдрас гардида, барои оянда дастуру супоришҳои судманд пешниҳод менамоянд.
Дар оғози ироаи Паём, Пешвои муаззами миллат бо як ифтихороти баланди шаҳрвандӣ аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки соли 2018 дар кишвари азизамон ба вуқуъ пайвастанд, изҳори назар намуданд. Аз ҷумла, татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»», ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқӣ обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад, таъкид намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат дар идомаи ироаи Паёми хеш иброз доштанд, ки соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли толор бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар умум метавон гуфт, ки дар Паёми Сарвари давлат ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таваҷҷӯҳи зиёд дода шуда, роҳу усулҳои самарабахши танзиму таҳкими онҳо муайян карда шудаанд. Таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола дастурамали мукаммали рушду ободонии кишвари азизамон буда, воқеан раҳнамунсозу мушкилкушои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошанд.






Бо қаноатмандӣ бояд изҳор дошт, ки бо вуҷуди таъсири бӯҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ, ки фишори он ба иқтисоди миллии мо низ бетаъсир намемонад, таъмини рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ ва баробар шудани суръати афзоиши он ба 6 фоиз, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ то 31 фоиз, амалӣ намудани барномаҳои давлатию ҳукуматӣ, ки ба беҳдошти иҷтимоиёти шаҳрвандон равона гардидаанд, ташаккули инфрасохтори соҳаҳои мухталиф ва дар баробари ҳамаи ин баргузории силсилаи маъракаҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки дар таҳкими нуфузу эътибори Кишварамон нақши сазовор мегузоранд, аз заҳматҳои рузафзӯн ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Дар партави ҳамин сиёсати созанда ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз таъмини амнияти сартосарӣ ва тантанаи сулҳу субот дар Кишвар бо меҳнати софдилонаю садоқатмандона барои саҳми муносиб гузоштан дар рушду тараққии Ватани азизамон ҳамаҷониба ҷаҳду талош намоем.

Муҳандисон гидротехникҳои ташкилоти ҳавзаи дарёи Панҷи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон , Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун Паёми раҳнамунсоз ба сӯи ояндаи дурахшон унвон карда, бо дилу нияти нек баҳри амали намудани Пайёми навбати ва барномаҳои давлати дар соҳаи самаранок истифодабарии об дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи мамлакат, тамоми нерӯю дониши худро самаранок истифода менамоянд.

Шарифхон Тиллоев-мутахассис оид ба
нақшагири ва робита бо ҷоме
ташкилоти ҳавзаи дарёи Панҷ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: