Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон

3-01-2019, 09:07
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон

РАВШАНӢ ТО БАДАХШОН
Таассурот аз Пайём

Ба мо чанд нафар адибон муяссар гашта, ки дар ироаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ширкат намоем. Лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда, назарамон ба Президенти муҳтарам, суханрониашонро мешунидем, ба ҳар ифодаи афкори пурҳикматашон каф мекӯфтем ва аз ҷой бармехостем. Дастовардҳо зиёд, хурсандибахшу таърихӣ. Боз як хушхабаре дар ҳамин рӯзҳо.
Бисту дуюми марти соли 2018 дар Рӯзи байналмиллалии захираҳои об тадбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об-“Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардида буд. Ин пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи об, ки ба ҷаҳониён маълум аст, борҳо Президенти муҳтарам, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳам баромад кардаанд, 20 декабри соли 2018 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаммуаллифии 190 кишвари узви Созмон қабул кард, қатънома ба тавсиб расид. Барои ин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуда ба номашон Барқияи шодбошӣ ирсол намуд. Хабари хуш. Аҳли толор аз ҷой бархостанд, кафкӯбии бардавом.
Дастоварди беназири дигар барои аҳли ҷумҳурӣ дар соли 2018 пойдор ва мустаҳкам гаштани дӯстии байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон. Дар ҳалли ин масъалаи мушкил Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссаи арзанда ва бебаҳои шахсан Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро махсус қайд намуданд ва изҳори сипос баён карданд.
Дар Паём аз рухдоди муҳими дигар дар ҳаёти Тоҷикистони азиз, аз истифода дода шудани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун сухан давом ёфт. Рӯйдоде, ки аҳолии ҷумҳурӣ солҳои сол интизор буданд ва барои он чи мушкилиҳое пеш омада буданд, ҳамаи он душвориҳо бо ҳидояти Ҷаноби Олӣ, Президенти муҳтарам бартараф шуданд. Пас аз 37 соли ба истифода дода шудани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Норак истеҳсоли барқ аз бузургтарин нерӯгоҳи ба оламиён маълум, аз нерӯгоҳи барқи обии Роғун. Ба истифода дода шудани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз як ҷиҳат муждае дар роҳи расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат.
Дар Паём зикр шуда, ки барои ба ин ҳадаф ноил гаштан боз як силсила тадбирҳо андешида мешаванд. Дар баробари он, ки дар Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” ба истифода дода шудааст, дар ин минтақа, яъне дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон боз нерӯгоҳҳои барқи обии “Санобод” ва “Себзор” баҳри истифода омода мегарданд. Дар баробари он ки дар ҷумҳурӣ агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва боз чандин нерӯгоҳҳои барқи обии хурду калон ба истифода дода шудаанд ё дар оянда бунёд меёбанд, ба масъалаи таҷдид ва таъмири нерӯгоҳҳои барқи обие, ки солҳои сол дар истифода ҳастанд, диққат ва эътибор дода мешавад. “...ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва дар соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба маблағи 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад” (аз Пайём). Дар масъалаи нерӯгоҳи барқи обии “Норак” таъкид шуда, ки ба истифода дода шудани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” умри онро садсолаҳо дароз мегардонад. Зеро об дар нерӯгоҳи Роғун тоза ва қуму лой такшин шуда, ба обанбори Норак оби софу мусаффо ворид мешавад. Бо истифода дода шудани агрегатҳои минбаъдаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҷумҳурӣ боз бисёр мушкилиҳои дигар ҳалли худро меёбанд. Қарор дода шуда, ки минбаъда дар ҷумҳурӣ бештар корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд, ба стратегияи се ҳадафи асосӣ дар мамлакат ҳадафи чоруми стратегӣ ба миён меояд, ки мақсад саноатӣ кунонидани ҷумҳурӣ мебошад. Бовар аст, минбаъда аҳолӣ пурра бо барқ таъмин мегарданд, мардум дигар дар торикӣ намемонанд, Тоҷикистон чароғон мешавад. Ҳамаи ин равшаниҳо натиҷаи заҳматҳои шахсан Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, рзиденти мутарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рамзи рӯшноӣ ҳастанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: