Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулокот дар доираи Паём бо сарбозон

Мулокот дар доираи Паём бо сарбозон

24-01-2019, 09:13
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
	Мулокот дар доираи Паём бо сарбозон

Баҳри тарғибу ташвиқи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори кишвар мулоқотҳо доир гардида истодаанд. Бо ҳамин мақсад дар қисмҳои ҳарбии 04533 ва 0214 дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. Дар мулоқот сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Деваштич» Маҳбуба Ҷамолова, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев ва намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Рухшона Саъдуллоева иштирок намуданд. Дар баромадҳо оиди нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар бораи ваъзи сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат маълумот дода шуд.
Дар ҷамъбасти мулоқот низ афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ барои ташриф ба масъулин миннатдории хешро баён намуда, барои дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд. Ҳамзамон бо эълон гардидани «Соли 2019-2021-соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» басо хушҳол буданашонро иброз сохтанд.
Лоиқ Туйчиев ноҳияи Деваштич.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: