Қадршиносии рӯзноманигорон13-03-2018, 10:01
Хабарро хонданд: 602 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода бо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Деваштич», мухбирони ҷамоатӣ, собиқадорони матбуот ва масъулони таъбу нашр доир гардид. Рустам Ҷӯразода дар суханронии хеш оиди инъикоси воқеии ҳаёти сиёсӣ иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия дар рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Деваштич» ҳарф зад. Инчунин баҳри боз ҳам ҷолибу хоно гардидани рӯзнома ба масъулин маслиҳатҳои муфидро пешкаш намуд. Барои меҳнатҳои софдилона ба собиқадори матбуот Элмуродов Туйғунмурод Сипосномаи иҷрокунандаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд. Ҳамчунин ба як қатор кормадони рӯзнома бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси ноҳия тақдим гардиданд. Аз номи аҳли эҷод сармуҳаррири рӯзнома Маҳбуба Ҷамолова барои дасгирии ҳамешагии раиси ноҳия миннатдории самимӣ изҳор кард. Худи ҳамон рӯз бо иштироки муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода собиқадорони матбуот Усмонҷон Икромов, Ҳайрон Осимӣ, Сироҷиддин Осимӣ, Аҳмад Абдулло, Қобилҷон Маҳмудов ва шоира Зулфия Бобоева аёдат карда шуда ва бо тӯҳфаҳои идона қадршиносӣ гардиданд. Лоиқ Тӯйчиев мудири шӯъбаи таблиғоту иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.