Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Қурутоб

14-02-2018, 12:22
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
  Қурутоб
Таомҳои миллӣ ифтихори мардуми мост, ки аз қадимулайём ҳамчун ғизо истифода мебарем. Кадбонуҳо тарзи тайёр кардани таомҳои миллиамонро ба фарзандон махсусан духтарон меомӯзанд. Агар ба хонадони мо меҳмоне ояд барои ҳурмату эҳтиромаш ҳамтман ягон намуди таоми миллиро омода месозем,то расму русум ва анъанаҳои кадимимиамон пойдор бимонад.
Гоҳ-гоҳ маро хумори хурдани хуроки дӯстоштаам қурутоб мегираду қурутобхона меравам.Аммо дар бисёр мавридҳо шоҳиди он мегардам, ки ба ҷои қурутоб чаккаоб тайёр мекунанд, ки таъму лаззати хуб надорад.
Бо гузашти вақт фаҳмидам, ки тайёр намудани ин таъоми миллӣ меҳнатталабу заҳмат талаб будааст. Қурутоб лаззат ва маззаи хуб дошта, писанди мардум аст. Дар тамоми шаҳру навоҳии мо қурутобхонаҳо амал карда муштоқони зиёде доранд.Чуноне,ки дар боло ёдрас шуд, на дар ҳама қурутобхонаҳо ин таъом ба тариқи даркорӣ тайёр карда мешавад. Мо ба якчанд қурутобхонаҳои рафтем вале мутаассифона дар қисми зиёди онҳо ин таъом мувофиқи таъб тайёр карда намешавад. Дар бисёр мавридҳо ба ҷойи қурут чаккаро истифода мебаранд. Танҳо дар қурутобхонаи «Олим» мо шоҳиди он гаштем, ки он хуб тайёр карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки қурутоб ба ҷуз анвои ғизоӣ буданаш, инчунин барои солим нигоҳ доштани ҷисми инсон сареҳият дорад. Ба ҳамин хотир мардуми кӯхистон онро дар фасли зимистон зиёдтар исъмол мекунанд, зеро дар таркиби он манбаҳои зиёди витаминҳо вуљуд доранд , ки нерубахши ҷисм ва саломатии мо мешаванд.

Тағойиурод Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: