
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Парчам – рамзи худшиносии миллӣ” бо иштироки ҷавонон баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Нуров Маҳмадназар - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Суҳайл Қодирӣ – намоянда аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимов Аслиддин – муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ва Давлатзода Абдулло – сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.