
20 апрели соли 2018 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Конференсияи илмӣ амалӣ зери мавзӯи “Риояи қонун кафили зиндагии
шоистаи мардум ва сулҳу суботи кишвар” дар толори барҳавои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар рафти баргузории Конференсия: ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Абдуллозода Фарҳод,
муовини раис- роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Мирзоев Носирҷон, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Зуҳурова Заррина, сардори Шуъбаи кор бо
ноболиғони ШВКД-1 –Холзода Рустам, сардори Шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-2 –Самадзода Раҷабалӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе- Фозилзода Шуҳрат ва нозирони минтақавӣ иштирок ва маърузаҳои илман асоснок намуданд. Ҳамчунин зимни чорабинии мазкур омӯзгорони Донишгоҳу
донишкадаҳо, колеҷу литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, падару модарони хонандагон, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ ва ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар фарҷоми Конференсия оид ба масъалаи муҳокима гардида,баҳсу мунозираҳои судманд, доир гардид ва аз ҳамагон даъват карда шуд, ки баҳри риояи бечу чарои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе