27 апрели соли 2018 дар доираи нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зери мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ” дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 Конференсия баргузор гардид.
Дар рафти баргузории Конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе- Файзуллозода Заррина Файзулло, ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Абдуллозода Фарҳод, сардори Шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-1 –Холзода Рустам, нозири минтақавии Шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-2 – Раҷабов Умар, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе- Муҳаммадсаиди Шарофиддин иштинрок намуда, оид ба масъалаи Конференсия маърӯзаҳо намуданд.
Ҳамчунин дар рафти баргузории Конференсия сокинони шаҳракҳои Зарафшон- 1,2 фаъолона иштирок намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе