Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар пойдор нигоҳ доштани оилаҳо саҳм мегузорем

Дар пойдор нигоҳ доштани оилаҳо саҳм мегузорем

17-05-2018, 09:43
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Дар пойдор нигоҳ доштани оилаҳо саҳм мегузорем

Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор Ҳуринисо Ализода, «Бесоҳибӣ миёни ду низоми никоҳ» (ба қисмати мавзуи хурди ин мақола «Талоқ» мавқуф шуд…») ки дар шумораи №7 (1143) аз 14 феврали соли 2018 дар ҳафтаномаи
«Минбари халқ» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Боиси дастгирист, ки аз ҷониби хабарнигорон дар баробари масоили зиёди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва давлат, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ рў овардааст.
Хабарнигор дар ин мақола оиди никоҳи мусулмонӣ ва никоҳи расмӣ (дар бахшҳои САҲШ), дузанагӣ, ҳолатҳои ҳуқуқии занҳое, ки тибқи никоҳи мусулмонӣ ба занҳо аз тарафи шавҳарашон «талоқ» дода мешавад ва дигар масоили оқибати никоҳҳои расмию мусулмонӣ сухан оварда шудааст. Дар қатори ин масъалаҳо мавзўи хурде бо номи ««Талоқ» мавқуф шуд…» низ ёдовар шудааст, ки Раёсат бештар ба ин масъала диққат хоҳад дод.
Албатта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ соли 2015 СОЛИ ОИЛА эълон карда шуд. Мақсад аз эълон доштани ин сол дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 қайд шуда буд. Вобаста ба ин, мақомоти САҲШ-и ҷумҳурӣ низ баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ дар ҳудуди ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ - маърифатиро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ доир гардониданд. Ингуна чорабиниҳо дар Рўзи байналмилалии оила – 15 май бештар доир гаштааст.
Тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда мешавад. Яъне асноди бекор кардани ақди никоҳ низ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрванд равона карда шудааст.
Мувофиқи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» асосҳои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ инҳоянд:
- аризаи муштараки ҳамсарон дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд; - ариза дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон дода шудааст ва ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд нисбат ба ҳамсари дигар, агар ў аз ҷониби суд бедарак ғайбзада ё ғайри қобили амал эътироф шуда бошад ё барои содир намудани ҷиноят ба муҳлати зиёда аз се сол маҳкум шуда бошад; - ҳуҷҷати шаклаш муқарраршуда оид ба вафоти яке аз ҳамсарон ва ё ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд оид ба фавтида эълон намудани яке аз ҳамсарон; - ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст.
Бояд қайд кард, ки дар ду ҳолати аввал мақомоти САҲШ бо гузаштани як моҳ аз рўзи пешниҳоди ариза, бекор кардани ақди никоҳро ба қайд мегирад. Дар ду ҳолати дигар, ки бо ҳалномаҳои суд барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат мекунанд, муҳлат пешбинӣ нашудааст. Яъне мақомоти САҲШ баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор вазифадоранд бе гузаштани мўҳлати якмоҳа онро ба қайд гиранд. Бояд гуфт, ки аз рўи ҳисобҳо қариб 65-70 %-и бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаҳои суд мебошанд. Яъне ҳамсарон масъалаҳои баҳсии хешро дар суд ҳал намуда, баъдан ба мақомоти САҲШ танҳо барои бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат менамоянд. Сабабҳои бекор кардани ақди никоҳ (ҷудошавии оиалаҳо) асосан инҳо мебошанд: надоштани фарзанд (бефарзандӣ), бо ҳам мувофиқ наомадани муносибатҳои зану шавҳар (ҳамдигарнофаҳмӣ), дахолат кардани шахсони сеюм (модар, хоҳар, бародари мард ва зан), дар муассисаҳои иҷрои ҷазо (маҳбас) будани мард (шавҳар), омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, мушкилии иқтисодии оила, бештар бекор будани мард ва ғайра.
Аз ин рў, метавон гуфт, ки аксарияти ҷудошавии оилаҳо то ба мақомоти САҲШ муроҷиат кардан, сар мезанад. Дар ҷумҳурӣ оилаҳои зиёди феълан ҷудошудаҳое ҳастанд, ки то ҳол ба мақомоти САҲШ муроҷиат накардаанд. Қисмате аз ин оилаҳои ҷудошуда аз солҳои пешин боқӣ мондаанд, ки никоҳи расмии худро бекор накарда, тариқи мусулмонӣ никоҳи дигар кардаанд. Аз ин мебарояд, ки агар дар соли 2015 8 356 бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад ва аз ин 5 589 ададаш (67 %) бо ҳалномаи суд бошад, қисме аз онҳо аз солҳои пешин мебошанд. Дар ин ҷо аз сари вақт муроҷиат намудани ҳамсарон вобаста аст. Аз ин ҷост, ки шумораи ҷудошавии оилаҳо бо тариқи дини ислом (талоқ) назар ба бекоршавии ақди никоҳи дар мақомоти САҲШ-и ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда, зиёд аст. Мутаассифона, маълумоти омории ин гуна ҷудошавиҳо (танҳо тариқи талоқ) мақомоти САҲШ ба даст надорад ва масъул низ намебошад. Бинобар ҳамин, то бақайд гирифтани бекор кардани ақди никоҳ масъалаи пешгирии ҷудошавии оилаҳоро дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, бояд ҳал кард.
Маълумотҳои оморие, ки бахшу шуъбаҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо дар ҳисоботҳои худ зикр кардаанд, маълумоти дақиқ буда, бардуруғ нестанд, ҳама вақт дар мадди назари роҳбарияти РАҲШ, инчунин дар мадди назари дигар мақомотҳои давлатии дахлдор, қарор дорад. Новобаста аз соли 2015, ки ҳамчун соли оила эълон шуда буд, маълумотҳои бекор кардани ақди никоҳ ҳамасола тибқи шакли муқаррарнамуда, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2010, №77 тасдиқ шудааст, қабул ва ҷамъбаст карда мешавад.
Мо, роҳбарияти РАҲШ, ҳамчун мақоми назоратӣ ва ҳамоҳангсозандаи фаъолияти мақомоти САҲШ, саҳми худро дар пойдор нигоҳ доштани оилаҳо мегузорем.




С.Д. Сироҷзода,
сардори Раёсати асноди ҳолати
шаҳрвандии Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: