Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рӯзи Президент-ифтихори тоҷикон

Рӯзи Президент-ифтихори тоҷикон

17-11-2018, 10:36
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи Президент-ифтихори тоҷикон

16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он барои ба даст овардани истиқлолияти воқеӣ дар Тоҷикистон асос гузошт. Ҳоло аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол сипарӣ шуд, ки инро метавон фурсати муносиби муаррифии халқи тоҷик дар арсаи олам ном бурд.
Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид гузошт.
Бахшида ба 26 солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кормандони бонк бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид.
Раиси кумиҷроия ҳамаи кормандони Бонки давлатии амонатгугузорӣ «Амонатбонк»-ро ба муносибати ин ҷашнҳои фархунда табрику муборакбод намуд ва зикр дошт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 26-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониест, ки дар фазои орому осуда умр ба сар мебарад.
Инчунин, раиси кумитаи иҷроия аз хизматҳои шоён, талошу кӯшиш ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллати тоҷик ёдоварӣ намуд. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки чунин Сарвари оқилу доно ва тавоно дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: