
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он Изатуллои Ҳабибзод, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Каримзода Абдураҳмон, директори КВД нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Каримзода Абдураҳмон, директори КВД нархгузорӣ маҷлисро оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Қайд кард, ки бо мақсади дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва муттаҳид шудан дар як ақида, имрӯз мо ҳайати кормандони КВД нархгузорӣ тасмим гирифтем, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис ба нафарони тоза ба сафи ҲХДТ аъзошуда дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Сипас Изатуллои Ҳабибзод – муовини раиси-роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, қайд кард, ки мутобиқи талаботи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ, ноҳиявӣ тасдиқ карда мешавад. Дар ин замина бо будани талаботҳои зикргардида дар КВД нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода мешавад.
Оиди масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Каримзода Абдураҳмон зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ “Нархгузор” номгузорӣ карда шавад. Чун ки ин ном ба самти фаъолияти корхонаи мо рабт дорад. Аз ҷониби ҳозирин пешниҳод пурра тарафдорӣ ёфта, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Нархгузор” гузошта шуд.
Якдилона таклиф шуд, ки Каримзода Абдураҳмон – Директори КВД нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, - раиси ташкилот ва Ғоибова Маҳина -котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шаванд.

Дар фаромади маҷлиси муассисон Изатуллои Ҳабибзод – муовини раиси-роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бо қаноатмандии зиёд ҳарф зад. Гуфта шуд, ки пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар як муддати хело кӯтоҳ симои худро ба куллӣ тағйир дода, яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳонӣ гардидааст.