Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАЗО”-И ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАЗО”-И ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД

9-04-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ФАЗО”-И ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Дар Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” бо иштироки муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Мирзоев Н.М., Директори Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” - Шаҳбозов Шаҳбоз, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Муминов А.А, мутахассиси Кумитаи иҷрояи ҳизбии ноҳия –Мирзоев М ва кормандони Институти мазкур маҷлиси муассисон бо мақсади таъсис додани ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст, Шаҳбозов Шаҳбоз - директори Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” маҷлисро бо шиносии иштирокчиён ифтитоҳ намуд.
Сипас, муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Мирзоев Н.М аз рӯи рӯзномаи маҷлиси муассисон баромад намуда, аз ҷумла дар бораи мақсаду мароми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд ва дар вазъияти ба 16 нафар кормандони Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуд.
Зимни маҷлиси муассисон бо пешниҳод ва дастгирии аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоӣ бо номи “Фазо” номгузори карда шуд ва ҳамчунин Шаҳбозов Шаҳбоз - директори Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” ва Қаландаров додихудо- котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: