Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСРЕМИЗМИ ДИНӢ - МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ ВА ВАБОИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСРЕМИЗМИ ДИНӢ - МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ ВА ВАБОИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН

30-07-2018, 10:51
Хабарро хонданд: 492 нафар
Назарҳо: 0
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСРЕМИЗМИ ДИНӢ - МУШКИЛОТИ БАШАРИЯТ ВА ВАБОИ ИСЛОМУ МУСАЛМОНОН

Терроризм агарчӣ истилоҳи куҳан буда, хислати таърихӣ дорад, вале гуруҳу созмонҳои террористӣ тайи даҳсолаҳои охир бо нуфузи бештар аз худ дарак дода, барои аҳолии осоиштаи сайёра яке аз мушкилоти глобалӣ ва доғи рӯз ҳисобида мешаванд. Созмонҳои террористии «ал-Қоида» «Толибон» «Ҷабҳат- ан-нусра» яке аз аввалин гуруҳҳои террористие мебошанд, ки зери ниқоби ислом ташкил ёфтанд ва бо чунин иддао сабабгори хунрезиву ҷангу ҷидолҳо гардидаанд. Набояд фаромӯш сохт, ки гуруҳу созмонҳои ифротгаро зери барномаҳои манфиатгароёнаи кишварҳои ғайри мусалмон ташкил ёфтаанд. Вақт нишон дод, ки зери фаъолияти чунин созмонҳои ифротгаро дар баъзе ҳолат ин ё он кишвари мусалмониву аҳолии мусалмондошта низ манфиатҷӯ ҳаст. Вале дар ҳар сурат, гуруҳҳои экстремистӣ ва террористии динӣ, ки фаъолияти худро бо баҳонаи “хизмат ба дин” асоснок менамоянд, сирф аз дасти абарқудратони давр пуштибонӣ меёбанд. Агарчӣ дар рӯзҳои аввали таъсиси чунин гурӯҳҳо дар ин ё он мавзеъ, ҳузури онҳо мушкилоти минтақавӣ ҳисобида мешуд, вале имрӯз терроризми динӣ проблемаи ҷаҳонӣ гаштааст. Бо рӯи кор омадани созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» тундгароӣ ва терроризми динӣ вабои замон муаррифӣ гашт. Бо он ҳама муборизаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин гурӯҳи ифротӣ мушкилот ҳамоно пойбарҷо боқӣ монда, баръакс, давра ба давра миёни башарият доман паҳн менамояд. Гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистии «ал-Қоида» ва «Толибон» агарчи дар як мавзеъ фаъолият намуданду дар нооромии як минтақа даст доштанд, аммо ҷангиёну пешсафони созмони террористии ба ном «Давлатӣ исломӣ» дар умум ҷаҳонро ба истилоҳи худ «Дору-л-куфр» эълон намудаву аз паи ноором кардани сайёра ҳастанд. Баробари аз номи созмони ба ном «Давлати исломии Ироқу Шом» ба унвонии «Давлати исломӣ» гузаштани ин созмони ифротӣ ҷаҳониён пай бурданд, ки пешсафону ҷангиёни он барномаи фаъолияти худро иваз намуда, ба зудӣ хостори нооромии ҷаҳон хоҳанд буд ва чунин ҳам шуд. Аз рӯи таҳлилҳову хулосаи муҳаққиқон ва коршиносон наздики 90% ҷангиёни гурӯҳҳои террористиро афроди маълумоти миёнаву олӣ надошта ва камсаводу кӯтоҳандеш ташкил медиҳанд. Пас ба чунин хулоса метавон расид, ки созмонҳои ифротгаро қудрат ва тавоноии тарҳрезии чунин силсилабарномаҳои гӯшношунидро надоранд, балки ҷангиён ва пешсафони он фармонбардори хоҷагони пасипардагие ҳастанду бас. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо роҳбароияти олии кишварҳои хостгори сулҳ ва муҳаққиқону коршиносони маъруфи сайёра аз сиёсати дугонаву манфиатҷӯёнаи кишварҳову қувваҳои зиёд зери фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ нигаронанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама гуна дар бештари мулоқоту суханрониҳои худ аз вазъи имрӯзаи геополитикии ҷаҳон нигаронӣ намуда, сокинон ва ҷавонони кишвар ва дар симои онҳо бошандагони сайёраро аз таҳдиду хатарҳои терроризму экстремиз ба амният ва оромии олам ҳушдор медиҳанд. Зеро ба таъбири машҳури Пешвои миллат «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».
Агар террорист дин, миллат ва мазҳаб медошт, оё метавонист бо фармону супориши як қувваи мафниатҷӯ ҳамдини худро ба қатл расонад ва ё ҳамдидони худро маҳрум аз Ватан гардонад? Оё соҳибмиллат метавонад бо иддаои “ҷиҳод” Ватани худро тарк намуда, вориди кишвари дигаре гардад ва дар нооромии он саҳм гузошта, аз пайи бадном кардани давлуту миллат ва нажоду дини худ бошад? Оё соҳибмазҳаб метавонад аз бовариву эътиқод ва мазҳаби худ даст кашида, равияву тафаккури носолиму гумроҳкунанда ва барои худ бегонаеро пеша намояд? Ҳаргиз на.
Чаро 8,5 милиард нафар дар мубориза бо 400 ҳазор нафар оҷиз аст?
Таҳқиқгарон имзӯзҳо шумораи умумии ҷангиёну мубаллғон ва пешсафони гурӯҳҳои террористиро ҳатто камтар аз 400 ҳазор нафар тахмин мезананд. Аммо шумораи сокинони сайёра зиёда 8, 5 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Пас, чаро 8,5 миллиард нафар дар мубориза бо 300 ё 400 хазор нафар пирӯз наояд? Посухи ин суол рушан буда, ин ҷо мушкилоти аслӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ манфиат ҷустани қувваҳоиву кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузу қудратманди сайёра мебошад. Ҳамин аст, ки аз сиёсатии дугона ё духӯраи бархе аз мамолики абарқудрат ва қудратталаб сиёсатмадорони баландпоя ва дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ зимни таҳлилу баррасии масоили терроризму экстремизм аз таҳдиду паёмадҳои ногувори он ба амнияти сайёра, ҳамзамон аз сиёсати духӯраи баъзе аз кишварҳо сухан меронанд. Чанде қабл дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баромади пурмуҳтаво аз сиёсати дугонаи бархе аз мамолики олам дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм сухан изҳори нигаронӣ карданд. Зимни баромади хеш Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки: «Тайи 25 соли охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилалӣ баргузор гардида, эъломияҳои зиёде қабул гардиданд, ки то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Ба назари мо, истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад. Дар натиҷа терроризм ва ифротгароӣ ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд». Агар аз фаъолияти гурӯҳу созмонҳои террористӣ баъзе ташкилотҳои бонуфузу қудратманди сайёра манфиатдор намебуданд, пас он ҳама лавозимоту аслиҳаи муосири ҷангӣ ва техникаву таҷҳизот аз қабили нақтиёти низомӣ аз куҷо ба дасти ҷанговарони созмонҳои террористӣ афтодааст? Агар баъзе аз кишварҳои қудратманд хоҷагони пасипардагӣ ва сарпарасти ифротгароён набошанд, пас чунин гурӯҳҳо аз лиҳози иқтисодӣ чӣ гуна метавонанд мушкилоте надошта бошанд? Инҳо суолест, ки аз қудратмандон ва сиёсатмадорони ҷаҳон посух металабад. Маҳз ҳамин омилҳо, яъне ҷой доштани “меъёрҳои дугона” ва сӯитифода аз ҷангу ҷидолҳо, инчунин манфиатҷӯӣ аз фаъолияти созмонҳои террористӣ сабаб гаштааст, ки зиёда аз 8, 5 милиард нафар сокинони сайёра дар мубориза бо 300 ё 400 ҳазор нафар террорист оҷиз бошанд
Терроризм ба хоҷагони худ чӣ манфиат меоварад?
Бо як назари сатҳӣ ба вазъи умумии фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ва пуштибонӣ пайдо намудани онҳо аз ҷониби қудратҳои мухталиф метавон ба чунин хулоса расид, ки сарпарастони террору даҳшатафканӣ метавонанд дар натиҷаи ноором сохтани дилхоҳ кишвар ба манофеи зер бирасанд: заминаи мусоиди истеҳсолу коркарди маводи нашъаовар, пайдо намудани мизоҷ ба аслиҳаву яроқ ва дигар лавозимоти ҷангӣ, ба даст овардани боигарӣ ва захираҳои зеризаминии ин ё он мамолики бо терроризм дар ҳоли бархӯрд қарордошта, зиёд намудани қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ ва билохира ниёзманд гардонидани ин ё он кишвар ба дастгириву кумак.
Аммо тақдири афротгароёну нафарони бо роҳҳои фанду фиреб шомили чунин созмонҳои тундгарошуда чӣ мешавад? Пасух ба ҳамагон яқин аст. Тақдири ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ билохира қурбон шудан аст. Дар ин сурат террористонро метавон яроқи зинда ё худ аслиҳаи ҷангии гурӯҳҳои манфиатхоҳ ном бурд. Агар зери фаъолияти гурӯҳҳои эксремистӣ барои ташкилкунандагон ва сарпарастону хоҷагони он чунин манфиатҳо ба даст ояд, пас тахмин меравад, ки мутаассифона чунин қувваҳо аз фаъолияти ноадолатонаи гурӯҳҳои террористӣ ҳаргиз даст кашиданӣ нестанд. Вале агар чунин идома ёбад, пас дар чанд соли оянда амнияи ҷаҳон зери хатар қарор гирифта, зуҳуроти терроризм маҳвнашаванда боқӣ хоҳад монд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид намуданд, ки; «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар ҷаҳон чи воқеаҳо ҳаст. Дар мубориза алайҳи терроризм ва эксремизм бояд аз сиёсати духӯра даст кашид. Бо ин вабои аср бозӣ кардан лозим нест». Воқеан ҳам гумон меравад, имрӯзҳо қувваҳову абарқудратоне, ки аз фаъолияти ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ манфиат мебаранд, шояд хатар ва таҳдиди ин вабои замонро содда ва кӯчак эҳсос намуда, бо он дар ҳоли бозӣ қарор гирифтаанд. Аммо соҳибназарон бар онанд, ки тибқи таҷрибаҳо дар оянда таъсири аз ҳама зиёди паёмадҳои экстремизму терроризм маҳз ба моликону сарпарстони онҳо хоҳад расид.

Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: