БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ ҶАНГИ САРД16-07-2018, 08:06
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Ҷанги сард, ҷанги иттилоотӣ, ҷанги равонӣ, бархӯрди иттилоотӣ истилоҳоту мафҳумҳое мебошанд, ки майдони ба вуҷуд омадани онҳо фазои иттилоотист. Дар фазои иттилоотӣ ҷараёнҳои иттилоотӣ ба таври доимӣ дар гардиш мебошанд, ки ин бештар таҳти таъсири мухолифатҳои иттилоотӣ ба амал меояд. Ин ҷараёнҳо табиӣ нестанд ва ба таври махсус аз ҷониби гурӯҳҳову доираҳои мушаххас ба вуҷуд меоянд. Дар шакли пурраи худ фазои иттилоотӣ доиман дар паи тағйир қарор гирифта метавонад. Дар кадом партав шакл гирифтани он барои касе дақиқу мушаххас нест. Зеро ҷараёнҳо ба ҳам меоянд ва як ҷараёни бузурге дар ин фазо ҳукмрон мешавад. Аз рӯи ақидаи коршиносону муҳаққиқон дар ин ҳамбастагӣ фазои иттилоотӣ дар шакли фишурдаву маҷмӯӣ чунин хислатҳоро соҳиб аст: 1) Барои худ сарҳад ва ҳудуди одатшуда надорад. 2) Барои мавҷудияту пайдоиши ҳамагуна хабар иҷозат медиҳад. 3) Доираи фаъолияти субъекти идораи давлатӣ, гуруҳҳо ва ашхоси алоҳида ба ҳисоб меравад. 4) Ҳолати ба охиррасӣ надорад ва ба таври динамикӣ инкишоф меёбад. 5) Сохти муайян дорад ва ҳеҷ гоҳ якхела нест. Диққати истифодабарандаро аз ҷузъи асосӣ дур мебарад ва ба хости худ онро ҷалб менамояд. 6) Ин фазо аз ҳимояи хубе бархурдор аст, ки ҳимоятгари он маълуму мушаххас нест ва аз сохтмони хуби ахбор ва маълумот кор мегирад. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз як миллион номгӯи радиову телевизионҳо ва аз ин бештар номгӯи матбуот амал менамоянд. Дар тӯли камтар аз як аср онҳо фазои иттилоотиро шакл мебахшиданд. Китоб, театр, санъат ва амсоли он низ метавонанд, ки дар радифи ҷузъиёти таъсир ба афкор мақом дошта бошанд, аммо таҳаввулоти иҷтимоӣ бинобар адами фаврияташон онҳоро дар дараҷаи дигар қарор додааст. Аз замони ба таври густурда доман паҳн кардани интернет мазмун, моҳият ва арзишу мақоми фазои иттилоотӣ боло рафт ва теъдоди матбуот ва радиову телевизионро кам кард. Интернет алҳол ташаккулдиҳандаи фазои иттилоотӣ барои аҳли башар аст. Зерфазоҳои иттилоотӣ дар интернет алҳол Гугл, Википедия, Викизнания ва амсоли инҳо ба ҳисоб мераванд. Ин зерфазоҳо ба якдигар сахт алоқаманд ҳастанд. Масалан, харитаи Гугл талабҳои худро бомаром ба Википедия пайванд менамояд. Дар ҳар сурат, дар паҳлӯи интернет имрӯз телевизион воситаи дар рақобат тобовартар дониста мешавад, ки инро имрӯз дар мисоли Русияву ИМА ва чанде аз давлатҳои аврупоӣ бештар дида метавонем. Фазои иттилоотӣ дар забони русӣ бо таъбири «инфосфера» аллакай маълум гаштааст ва аз замони навбати дуюми ҷанги сард ҷиддӣ омӯхта мешавад ва зери назорат қарор дорад. Ба инфосфера ҷузъиёти зиёде дохил шуда метавонад. Хислати рақобатҳои геополитикӣ имрӯз ба чӣ навъ пештозиву соҳибият дар фазои иттилоотӣ вобастагии амиқ пайдо кардааст ва он чун як ҷузъи бузурги инфосфера ба шумор меравад. Ин аст, ки дар зери идора қарор додани воситаҳои иттилоотии як рақиб аз ҷониби рақиби дигар торафт мақсади асосиву ниҳоӣ дониста мешавад. Муҳити иттилоотӣ низ дар чаҳорчӯби ин мавзӯъ нақши калидӣ дорад. Фазои иттилоотӣ ва муҳити иттилоотӣ ду мафҳуми мутафовут низ ҳастанд. Муҳити иттилоотӣ доираи нисбатан маҳдудтаре мебошад, ки дар зери таъсири фазои иттилоотӣ қарор мегирад. Муҳити иттилоотӣ ин аллакай зинаи истеъмолу истифодаи иттилоот аст. Ҷамъи ахбор, паҳни ахбор, шаклгирии ахбор, ки дар натиҷаи онҳо муносибатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд, робитаи амиқтаре ба муҳити иттилоотӣ доранд. Ҷанги сард дар қолабу фаҳмиши имрӯза таърихи чандон тӯлонӣ надорад. Герберт Шиллер яке аз асосгузорони Мафҳуми «ҷанги иттилоотӣ» ва «Империяи иттилоотӣ» аст. Соли 1919 таввалуд шудааст ва дар ҷанги зидди фашизм иштирок кардааст. Ӯ соли 1969 навишта буд: «Дипломатияи киштиҳои хурди ҳарбӣ ба бойгонӣ дода шуд. Акнун дипломатияи ВАО ҳамчун тиҷорати рушдёбанда ҷои онро гирифта истодааст». Бо ин заминаҳо, соли 1970 вобаста ба шиддати ҷанги сард дар Пентагон алайҳи Шарқ, махсусан давлати Шӯравӣ марказе бо номи «Кумитаи хатари ҷорӣ» ташкил гардид. Фаъолияти онро «бомбаборонкунии таблиғотӣ» меномиданд ва Ғарб дарк карда буд, ки омили асосии ғалаба алайҳи блоки сотсиализм, бахусус шӯравӣ ин муборизаи таблиғотӣ аст. Баъди шикаст додани Шӯравӣ он «Кумитаи сулҳи ҷорӣ» ном гирифт. Имрӯз гӯё он ҳадаф ва душман надораду ҳадафу нишонаш Эрон, «Ҳизбуллоҳ», «Ҳаммос» ва кишварҳои дӯсти Эрон аст. Чанд соли охир Русия низ барои он ба рақиби тавонманд табдил ёфт. Муаллифон ва тарроҳон паи он ақида буданд, ки Амрико натанҳо кишварҳои ақибмонаи шарқиро мавриди таҳоҷуми иттилоотӣ қарор медиҳад, балки дар баробари ин барои кишварҳои пешрафтаи сармоядории ҷаҳонӣ хам эҳсоси тарсу ҳаросро бунёд мекунад. Дар идома андеша доранд, ки ВАО қудрат дорад, ки аудиторияро «халъи силоҳ» намояд. Оммаро аз маълумоту тасаввуроти зарурӣ дар бораи ҷаҳон маҳрум карда, дар ҷои он фаҳмишу қабули ғайрро бедор месозад. Оммаро чун шер далер ва чун харгӯш тарсу менамояд. Ҳукмронӣ дар афкорро натанҳо ВАО, балки шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар якҷоягӣ ба вуҷуд меоранд. Таблиғи мақсаднок ва ҳукмронӣ ба афкор дар ҷомеаи пассив хеле осон аст ва онро мақсаднок низ нигоҳ медоранд. Иқтидор дар майдони ахбору афкор ин ғолибияти абарқудратҳост. Як замоне дар дастгоҳи президент Картер 5000 нафар кор мекарданд, ки вазифааашон фақат таблиғи идеологияи амрикоӣ буд. Дар ҷаҳон ягон давлати дигар ба ин ҳад корманд надошт. Дар ҷаҳон идораи аз ҳама муқтадири машинаи таблиғотии ҳукуматӣ «Идораи алоқаҳои байналхалқӣ» мебошад, ки зертобеи ЮСИА ва Пентагон аст. Дар замони муборизаҳои пуршиддат типографияи давлатии ИМА ҳамарӯза бист вагон қоғазро дастрас мекард, ки онҳоро баъдан барои нашри ҳамарӯзаи газетахо мефиристод. Бо назардошти ин паҳлӯҳо Томас Рении амрикоӣ соли 1976 гуфта буд: «Ба ман ВАО-ро диҳед, ман аз одамон рамаи хукҳоро месозам». Феълан Русия бо Ғарб дар ҷанги сарди шадид қарор дорад ва кишварҳои дигар дар сангарҳои гуногун иштирокчиёни ин набардҳоянд. Агар соли 1960 ва мувофиқи маълумотҳои дигар солҳои 1946 - 1948 оғози ҷанги сарди муқобили шӯравӣ буд, пас ҷанги сард муқобили Русия соли 1992 ва дар навбати дигар соли 1996 оғоз шудааст. Имрӯз дар домани ин ҷанги сард садҳо истилоҳи нав ворид шудаанд, ки ҳамарӯза онҳоро мо аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии русӣ шоҳидем. Русия дар фазои пасошӯравӣ ягона кишвар ҳамчун иштирокчии «ҷанги сард» эътироф шудааст. Коршиноси рус Оксана Забужко андеша дорад, ки 90 фоизи таҷовузҳои имрӯза ин натиҷаи ҷангҳои сард мебошад, ки дар ихтиёри тавонмандон аст. Имрӯз шарт нест, ки шаҳрҳо бомаборон карда шаванд. Кифоя аст, ки мағзҳо бомбаборон карда шаванд. Андешаи дигаре вуҷуд дорад, ки силоҳи ягона ва хатарноки ҷанги сард ин дурӯғ ва хабари таҳрифшуда аст. Агар аудитория онро ташхис карда тавонад, ин аудитория дар ин ҷанг ғолиб аст. Вақте аудитория ба худ савол медиҳад, ки «худаш чӣ гап?», ин аввалин қадам дар роҳи мағлубияти ин аудитория дар ин ҷанг аст. Дар ҷанги иттилоотӣ чун ҷанги ҳарбӣ ҳолати ногаҳониву нохост нест. Ҳама чиз аз рӯи нақша сурат мегирад. Мавзӯъ ва матолиби ҷанги иттиллоотӣ чун ҷанги ҳақиқӣ танҳо давоми як моҳ маъруф аст. Баъди он саҳнаи нав ва ҷанги нав шурӯъ мешавад. Инро боз ҳам дар мисоли расонаҳои русӣ равшантар дида метавонем. Аз оғози сол метавон аллакай чандин намунаи ин ҷангҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Берун кардани дипломатҳои рус аз ИМА, Британияи Кабир ва чанд кишвар дигари аврупоӣ намунаи равшани он аст. Қазияи Скрипал ва духтари ӯ то имруз идома дорад. Расонаҳои британиягӣ беист ин ҷангро идома медиҳанд. Амрико дар ин ҷангҳои иттилоотӣ муваффақтар аст. Қазияи Исроил, таҳримоти нав алайҳи Эрон, қазияи атомии Куриёи Шимолӣ, мухолифатҳои Луганск ва Донетск, бунбасти нафтии Венесуэла, мушкилоти ҷанги Сурия ва чандин мавзӯоти дигар журналистони русро ҳар лаҳза ба майдон мекашад. Дар ин самт танҳо таҳлилҳои русӣ ҷанбаи пурқувват доранд. Вобаста ба ин, барномаҳои «Однако», «Война» ва «Вечер»-и телевизионҳои марказии Русияро метавон мисол овард, ки сарфи назар аз доираи маҳдуди вақт таҳлилҳои қавиро соҳибанд. Президенти Фаронса Эмманюэл Макрон ба Санкт- Петербург барои ширкат дар форуми иқтисодӣ омад. Ду ҳафта қабл Ангела Меркел ба Сочӣ омада буд. Ташрифи ин ду роҳбар «шарафи русӣ» ва «рашки амрикоӣ» баҳогузорӣ гардид. Доналд Трамп аз ба роҳ андохтани 25 фоизи андози иловагӣ ба автомобилҳои Олмон таҳдид дорад. Трамп ибораи «Олмони бад»-ро истифода кард. Ҳар сол аз ҳисоби автомобилҳои содиршаванда ба ИМА Олмон 21 миллиард доллар фоида мебинад. Ангела Меркел иброз дошт, ки акнун онҳо ба яккатозии ИМА тоқат кардан намехоҳанд. Кристина Лагарф ва Макрон низ иқдомотро дар роҳи таҳримоти Русия ҷонибдор нестанд. 12 июн Трамп бояд бо президент Ким Чем Ун дар Сингапур вомехӯрд. Эълон дошт, ки ба ин мулоқот намеравад. Куриёи Ҷанубиву Шимолӣ ба як навъ ифоқа расида истодаанд. ИМА инро намехоҳад ва баҳонаи ба мулоқот нарафтанашро чунин шарҳ медиҳад: «Ман бо генералҳои баландпояи амрикоӣ машварат намудам ва низомиёни амрикоӣ омодаанд, ки ба Куриёи Шимолӣ зарба зананд. Дар ин қазия моро роҳбари Куриёи Ҷанубӣ ҷонибдор аст. Ӯ мехоҳад, ки баъзе хароҷотҳои низомиро ба ӯҳда гирад». Чунин муносибати Трампро, ки тамоми расонаҳои ҷаҳон онро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, метавон тафриқаандозии канорӣ номид. Ҳар як нуқта дар гуфтаҳои Путину Трамп чун волиёни ҷанги сард чандин ҷабҳаҳоро дарбар мегиранд. Паҳлӯи ҷолиб он аст, ки дар ҷанги сард онҳо хеле осон ҷонибдорону мухолифони худро пайдо намуда, дар заминаи он муносибатҳои худро ба роҳ мегузоранд. Ҷанги сарди имрӯза дар ҷараёни пуршиддати ҷаҳонишавӣ хеле мураккаб аст. Якқутба, дуқутба ва бисёрқутба сохтани низоми идории ҷаҳон ба ин раванд робитаи амиқ дорад. Дар ҷангҳои сарди феълӣ кишвари бетафовуту бетарафро ёфтан душвор аст. Дурнамои мушаххаси он бошад, алҳол маълум нест. Бахтиёри Қутбиддин, дотсенти ДМТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.