Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЗИРАКИИ СИЁСӢ

2-07-2018, 10:51
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
ЗИРАКИИ СИЁСӢ
Бархе аз сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки дар ҷаҳони имрӯза аз сари нав тақсимоти геополитикӣ шуру шуда истодааст. Мо аз таърих медонем, вақте тақсимоти нави геополитикӣ оғоз меёбад дар ҷаҳон ҷангу низоҳҳо меафзоянд. Давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки минтақаҳои зери таъсири геополитикии рақиби худро зери таъсири худ дароранд. Дар чунин вазъият давлатҳои миллӣ набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳанд.
Имрӯзҳо чунин касоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ мебошанд, ки танҳо манфиати шахсии худ ва хоҷагони худро амалӣ менамоянд. Барои онҳо манфиатҳои миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо зери ҳаргуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаю нафрат нисбати ҳамдигар мекоранд. Ва бо ин амали худ сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар давлати худ мегарданд. Барои мисол овардан мо ба умқи таърих надаромада ҳодисаҳои солҳои охиро, ки дар Афғонистон, Ироқ, Сирия, Ливия, Яман, Украина шудаи истодааст мисол оварда метавонем. Дар Сирия ҷониби апазитсия ҳукуматро ба таври қонунӣ гирифта натавониста барои ғасби ғайриқонунии он даст зад. Дар натиҷа мо дидем, ки як давлати афсонавӣ ба як харобазор табдил ёфт. Дар Афғонистон низ ҷонибҳои мухолиф ҳеҷ ба як созиш намеоянд ва ин боиси давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар гардидааст. Дар Украина низ чунин ҳолат ба чашм мерасад. Тӯли чанд сол мешавад, ки дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ рафта истодааст. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир боз вазъиятро дар ин кишвари аврупоӣ торафт мураккаб гардонида истодааст. Яъне новобаста аз он, ки давлатҳо дар куҷо ҷойгиран дар сурати ғайриқонуни кӯшиши ғасби ҳокимият ба чунин ҳолатҳо оварда мерасонад. Ва аз ин давлатҳои манфиатҷӯ хуб истифода менамоянд.
Ҳодисаҳои дар Ҷумҳури Украина рухдодаистода айнан ҳодисаҳои солҳои 1992- юми кишвари моро ба хотир меорад. Дар он солҳо дар кишвари мо низ ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо пайдо шуданд, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда барои амали намудани манфиатҳои худ ва хоҷагони берунаи худ истифода мебурданд. Яке аз чунин ҳизбҳо ин собиқ ҲНИТ буд, ки на бо роҳи қонунӣ балки бо роҳи ғайриқонунӣ ҳукуматро мехост ғасб намояд. Лекин ин кор ба пуррагӣ ба онҳо муяссар нагардид. Дар натиҷа дар кишвари мо ҷанги бародаркӯш оғоз гардид, ки мардуми зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлати мо дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Дар чунин вазъияти ногувор роҳбарии давлатро ба зиммаи шахси қавииродаю ватандӯст Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Ин шахси меҳанпараст тавонист, ки ватанро аз вартаи ҷанги бародаркӯш ва нестшавӣ бароварда эмин нигоҳ дорад. Дар як муддати кутоҳ онро аз як кишвари ҷангзадаи ақибмонда ба як кишвари рӯ ба тарақи табдил диҳад.
Ҳамаи ин дастовардҳои кишвари мо барои он шахсоне, ки нисбати давлату миллати мо ниятҳои нопок доранд хуш намеояд. Тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ҳаргуна дурӯғу буҳтонҳоро нисбати Ҳукумати имрӯза бор мекунанд. Лекин ҳамаи онҳо асос надоранд ва чуноне, ки дар урфият мегӯянд «дурӯғ умри дароз надорад».
Ҷонибдорони собиқ ҲНИТ бо сардории М. Кабирӣ афсонаи «сангпушт ва каждум» - ро ба ёд меоранд. Бо вуҷуди он ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз ҳамин ҳизб ва ҷонибдорони он бошанд ҳам давлату ҳукумат ҳамаи онҳоро авф намуд. Дубора ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонун фаъолият баранд. Лекин сад афсӯс табиати онҳо ҳамин будааст. Ҳизби террористии ҲНИТ боз мехоҳанд, ки неши заҳрноки худро ба тани мардуми тоҷик занад. Лекин ин дафъа ин кор ба онҳо муяссар намегардад. Мардуми тоҷик мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус, ҷавонони имрӯзаи тоҷик пайравӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.


У. Давлатов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: