Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳама рӯз рӯзи муаллим

Ҳама рӯз рӯзи муаллим

7-10-2015, 13:50
Хабарро хонданд: 517 нафар
Назарҳо: 0
Ҳама рӯз рӯзи муаллимТашкилоти ибтидоии «Тоҷири аҷам»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибаи рӯзи муаллимон чорабинии фарҳангӣ доир намуд. Файзалӣ Акрамов, ноиби ректор оид ба таълиму тарбия ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки ҳар инсон бе раҳнамо, бе устод дар зиндагӣ муваффақ шуда наметавонад. Ягон тамаддуни башарӣ бе устод рушд карда наметавонад.
Рақиба Сангинова, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи мақому мартаба ва нақши устод дар рушду тараққии ҷомеа маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, шеърҳову қиссаҳо пурмазмуну воло ва гуфтаҳои бузургонро қироат намуд. Мавсуф баён дошт, ки мақому мартабаи омӯзгор дар ҷумҳурии мо рӯз аз рӯз баланд шудааст. Суханрониашро бо мисраҳои зерин хотима бахшид:
Бе муррабӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта- рафта чарх оламгир кард.


Сипас, донишҷӯёни курси якуми донишгоҳ Қодирова Б. ва Яъқубов С. дар васфи омӯзгор шеърҳо қироат намуда, ба устодон ҷиҳати заҳмату талошҳояшон баҳри тарбияи насли ҷавон миннатдорӣ карда, онҳоро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфтанд.
Ҳамчунин устодони собиқадор ва ҷавоне, ки дар беҳтар шудани сатҳу сифати таълим саҳм мегузоранд, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд. Аз ҷониби КВД «Тоҷикматлубот» баъзе устодони муассисаи таълимӣ низ бо ифтихорномаҳои қадр карда шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯён барномаи ҷолиби фарҳангиро намоиш доданд.
@С. Зуҳра.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: