Нақши шахс, роҳбар дар таърих ва ҷомеа7-01-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши шахс, роҳбар дар таърих ва ҷомеа» баргузор гардид. Дар он аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Дар семинари омӯзишӣ раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов, номзади илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Назирҷон Пулодов дар атрофи масъалаҳои нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишвар, таъмини ҳифзи манфиатҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки муваффақияти Президенти мамлакат дар эътимод ва эътиқоди мардум аст, ки дар симои ин шахсияти таърихӣ сарвар ва пешвои воқеии худро мебинанд. Рушди бонизоми кишвар ин худ нишонаи он аст, ки сарвари сиёсӣ тавонист дар сиёсати худ татбиқи ҳадафҳои ҳаётан муҳимро дуруст муайян намояд, ки ин ба муваффақияти сарвар таъсири муҳим дорад. Иштирокдорони семинар дар муҳокимаҳо иштирок намуда, ақидаҳои худро оид ба масъалаи мазкур баён намуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.