
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ» чорабинӣ доир гардид. Дар он Сарфароз Юнусов раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдунабӣ Сангинов роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд. Сарфароз Юнусов зикр намуд, ки мо барои худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, онро амалӣ месозем. Ҳамчунин, аз воқеоти мохи сентябр ва ҷангҳои Шарқи наздик ёдовар шуда, бо овардани омори нигаронкунанда аҳли нишастро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ даъват намуда, афзуд, ки он нафаре, ки дониши казоии диниву дунявӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғво дода намешавад. Бинобар ин аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои дарк кардани моҳияти инсондӯстии дини ислом ва рукнҳои он китоби муқаддаси «Қуръони маҷид»-ро бо хати кириллӣ бихонанд, вақти худро беҳуда нагузаронида, аз пайи донишандӯзӣ ва забономӯзӣ шуда, дар шукуфоии кишвари азиз саҳм гузоранд ва иқдомҳои созандаро дастгирӣ кунанд.

Сангинов Абдунабӣ дар мавзӯи «Мо ҳомиёни ин Ватанем» баромад намуда, зикр кард, ки худшиносӣ аз шинохти зодгоҳи худ оғоз мегардад. Шинохти шахсии ҳар нафар пайомади шинохти миллиро ба миён меорад. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд