Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон

21-08-2018, 11:30
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикӣ ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон
21.08.2018 10:18, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади сермасъули давлатӣ муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар масири таҳкиму тавсеаи бештар идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

Мо аз раванди рушди бемайлони робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ҳамеша алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо иқдомоти нави амалии ҳамкорӣ ҳастем.

Зимнан омодагии хешро барои саъю талошҳои минбаъда дар ин ҷода иброз медорам.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар роҳи таъмини рифоҳу шукуфоии ҷомеаи Покистон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми бародари кишвари Шумо сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун орзумандам».

facebook twitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: