Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ

11-09-2018, 09:41
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ
10.09.2018 17:00, шаҳри Душанбе
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоту таманниёти неки хешро бифиристам.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин орзумандам.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.

Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: