Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

Барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода

7-06-2017, 08:44
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода


ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Сарвазир,

Мехоҳам таманниёти самимии хешро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии байни ду кишвар иброз намоям. Дар тӯли 25 сол, иқдомҳои пайгиронаи мо ба рушди робитаҳои дуҷониба таҳким бахшид. Боварӣ дорам, ки ин муносиботи мо ба манфиати мардуми кишварҳоямон хизмат хоҳад кард.

Робитаҳои таърихӣ, динӣ ва анъанавӣ барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои мо заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт. Иштироки кишвари Шумо дар 13-мин Саммити Созмони ҳамкориҳои иктисодӣ, ки дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, ӯҳдадориҳои муштаракро ҷиҳати ба даст овардани сулҳу субот дар минтақа зоҳир намуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани равобит, мо иқтидори васеъи тиҷоратӣ ва сармоягузориро байни ду кишвар ва ҳам дар минтака амалӣ хоҳем кард.

Умедворам, робитаҳои наздик ва пайвандҳои шариконаи мо дар солҳои минбаъда устувор хоҳад шуд.

Хоҳишмандам, муҳтарам Сарвазир, эҳтиромоти фоиқаи бандаро қабул фармоед».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: