Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ

16-03-2017, 11:58
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ

16.03.2017 10:28, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Моҳд Наҷиб бин Тун Ҳоҷи Абдул Разоқ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати 25-солагии ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику муборакбод намоям.

Бо ишора ба натиҷаҳои мулоқоти мову Шумо дар ҳошияи Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ, изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон дар оянда низ бо талошҳои пайгиронаи муштараки мо густариш хоҳанд ёфт.

Барои пешбурди ин раванди самарабахш мо омодаем, ки муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямонро, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, тақвияти бештар бахшем.

Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, саломатии комил, саодату комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: