Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

10-11-2016, 09:26
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп


. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Шумо бо камоли сарфарозӣ табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Тоҷикистон рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамшарикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ медонад ва сатҳи имрӯзаи онҳоро баланд арзёбӣ менамояд.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси Сарвари давлат ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи ғанитару фарохтарро касб хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати талошҳои муштарак дар ин ҷода ва идомаи муколамаи созанда байни давлатҳоямон дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.

Ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ ва комгорӣ дар ин маснади олӣ, ба мардуми дӯсти Америка — пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: