
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар якчанд шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо иштироки кормандон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” шанбегӣ доир карда шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ин шанбегии дастаҷамъона истиқоматкунандагони шаҳраку маҳаллаҳо ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷалб ва сафарбар карда шудаанд.