
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 30 июли соли 2018, ҷиҳати муайян намудани мушкилоту норасоиҳои маҳал ва баҳри бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, нигоҳдории муҳити зист, таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вохӯриҳоро роҳандозӣ намуд.
Дар ин замина, санаи имрӯз бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Файзуллозода Заррина бо сокинони шаҳраки 103- юми ноҳия вохӯри доир гардид.
Вохӯри дар назди биноҳои истицоматии Бобоҷон Ғафуров- 46, 46/1, 2,3,48/1, Асадулло Ғуломов- 25, 29, 30, 31 баргузор гардид, ки зимни он сокинони биноҳои мазкур атрофи мушкилотҳо ва роҳҳои ҳаллу фасл намудани он суҳбатҳо намуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе