
Кӯлоб:-Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кумаки иҷтимоӣ дар хона» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир ба хатарҳои терроризм ва экстремиз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин таъкид намуд, ки ҳамагуна хатарҳое, ки барои пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид мекунанд, бояд мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор дода шаванд, зеро истиқлолият дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавиаш дар тули ҳазорсолаҳо шабеҳ надорад. Пушида нест, ки имрӯзҳо минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зидиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки албатта метавонанд дар самти зуҳуротҳои ҷинояткории муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм заминаҳои бештар фароҳам созад.
Дар навбати худ Абдуллоев Файзулло – роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумаки иҷтимоӣ дар хона” гуфт, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем.