
Восеъ: Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, пешгирии афкору андешаҳои ғайр, боло бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, инчунин омӯзиши таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқ, дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки корманди шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат ва сокинони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Зимнан Сафархони Муҳаббат оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ин навъи ҳунарҳои мардумӣ, дар гузаштаҳои дур мавҷуд буд, вале ҳоло аз байн рафтааст, алъон онро эҳё бояд намуд. Он ҳунарҳое, ки ба ҳадди фаромӯшӣ расидаанд, мебояд дубора равнақ дод, то ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъсир гузоранд.