
«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018-ум аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзалият додани ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуберо муҳайё намуд.
Ба ин хотир субҳи дирӯз дар ноҳияи Восеъ, дар ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо фарогирии сокинони ҷамоати деҳоти мазкур чорабинии намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Нахуст муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова чорабиниро ҳусни оғоз намуда, ҷамъомадагонро бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» табрик гуфт.
Дар идомаи чорабинӣ муовини роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Восеъ Хоҷазода Назари Назрӣ баромад намуда, доир ба роҳҳои беҳтар гардонидани шароити зиндаги дар оила аз ҳисоби ҳунарҳои мардумӣ бо сокинон суҳбат намуд.
Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддуни ғанӣ ва маданияти волои меҳмонпазирӣ мебошад, аз ин рӯ ҳар як меҳмоне, ки ба қаламрави кишвари биҳиштосои мо ҳамчун сайёҳ ворид мешавад бояд мо бо маданияти тоҷиконаи худ меҳмонро гиромӣ дошта, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ватан вусъат бахшем.