
Бо мақсади самаранок ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумиро дар деҳаи Сари ҷари ҷамоати деҳоти Даҳана роҳандозӣ намуд.
Дар ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Файзуллоев Алишер, мудири шуъбаи кор занони Кумитаи иҷроия, роҳбари ТҶҶ Созандагони Ватан дар ш. Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва ҷонишини директори маркази ВНМО-и ш. Кӯлоб Фарзонаи Насулло иштирок ва баромад намуданд.
Зимни суханронии корманди масъули ҳизбӣ гуфта шуд, ки иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба хотири баланд бардоштани фарҳанги миллӣ, ҳифзу гироми доштани анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, раҳои ёфтан аз бегонапарастӣ, боло бурдани ҳисси ватандустӣ ва бо ин тариқ паст кардани сатҳи бекорӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд барои равнақу ривоҷ додани ҳунарҳои миллиамон ва ба ҷаҳониён мурраифи кардани фарҳанги бойю ғании тоҷикон саҳми худро гузорем.
Вобаста ба дигар паҳлуи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хусусан, оид ба зиёд гардидани бемории АНМО/ВНМО ва роҳҳои пешгерӣ аз ин беморӣ иштирокдорон ибрози ақида намуданд.