
Фархор:-Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва бо мақсади тақвият додани робита бо маҳал, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санаи 11-июли соли 2018 дар маҳаллаи №4 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ки дар ин ҳудуд ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи "Истиқлол" ташкил шудааст, намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ масъулон ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди иштирокдорон баромад намуда, ҷиҳати ташаккул додани мафкураи миллӣ вобаста ба мавзуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мухтассар суханронӣ намуданд.