Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳашари дастаҷаъмонаи ҳизбиёни ноҳияи Сино”

Ҳашари дастаҷаъмонаи ҳизбиёни ноҳияи Сино”

5-06-2017, 16:28
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Ҳашари дастаҷаъмонаи ҳизбиёни ноҳияи Сино”
Имрӯз ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо роҳбарии Файзуллозода Заррина Файзулло-Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар доираи 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт» ба ҳашар баромаданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар қатори дигар кормандони касбу кори гуногун ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия аз ҷумла “Сино”, “Парасту”, “Эҳё”, “80-солагии Душанбе” ба ҳашар баромаданд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳашари мазкур шуруъ аз соати 8-00 то 10-00 аз дар ҳудуди шаҳракҳои 83 ва 84-и ноҳияи Сино оғоз гардид. Дар маҳаллаи мазкур кормандони Комитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри тозаю обод намудани атрофи биноҳои баландошёнаи шаҳракҳо аз ҳар гунна буттаю дарахтони хушкгардида ва тоза кардани ҳавзу ҷуйборҳо оғоз намуданд.
Бояд қайд намуд, ки қисмати дуюми ҳашари мазкур аз соати 10-00 то 12-00 дар ҳудуди маҳаллаи Лучоби поён ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо иштироки Файзуллозода Заррина – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сафаров Шодӣ- ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тољикистон ба номи С.Раҳимов, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва донишҷўёни Донишкада баргузор гардид.
Дар ҳашари мазкур танҳо аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “80-солагии Душанбе” зиёда аз 1000 нафар ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҳашар, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳо, поку тоза кардани гулгашту майдончаҳоро ба роҳ монда, корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва маъракаи кабудизоркуниро вусъат доданд.
Чунин ҳашарҳои умумӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт» дар дигар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия доир шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: