Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ободии Ватан аз ваҳдат аст

Ободии Ватан аз ваҳдат аст

5-06-2017, 12:42
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Ободии Ватан аз ваҳдат аст

АЙНӢ. Бист сол пеш, дар таърихӣ 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Санади тақдирсоз, рамзи воқеии баҳамойиву сарҷамъии миллати куҳанбунёди тоҷик, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид.Дар китобхонаи марказии ба номи «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» - Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдатат поянда бод, Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он хонандагони фаъол- аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Комиҷроияи ҲХДТ-дар ноҳия, омӯзгорон ва кормандони ташкилоту идораҳои дахлдор ширкат варзиданд. Нахуст, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 вобаста ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, таҳти унвони “Ободии Ватан аз ваҳдат аст” баромад намуданд. Ҷолиби қайд аст, ки доир ба “20 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар байни аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, озмуни “Афкори беҳтарин”, “Наттоқи номвар”, “Ваҳдат ба мо чӣ дод?” гузаронида шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои миёнаи умумии ноҳия фаъолона ширкат намуда, маҳсули эҷодашонро пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ намуданд. Хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №46 Абдусамад Самадов бо эҷодиёти шеърҳои ватандӯстонааш ва ғояҳои ояндасозаш сазовори ҷойи намоён гашт. Барои қадрдонӣ намудани хонандагони фаъоли чорабинӣ, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»- и Комиҷроияи ҲХДТ-дар ноҳия, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ хонандагони санъаткор барномаи фарҳангии хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки писандӣ ҳозирин гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: