Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН

ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН

19-06-2017, 09:33
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ  ҶАВОНОН
Бо мақсади ҳар чӣ бештар таблиғу ташвиқи дастовардҳои навини истиқлол, аҳамият ва дурнамои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, тақвияти нерӯи фардосозӣ миллат, тибқи дастур ва супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз ҳисоби ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, олимону коршиносон силсилаи мулоқотҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардид.
Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ректори Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров, Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзишии вилоят Зоҳидзода Олимҷон, муовини ректори ДДХ Хайрулло Сабуров, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов, силсиламулоқотҳро бо сокинони шаҳри Хуҷанд идома дода истодаанд. Аз ҷумла, чунин мулоқотҳо дар коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд ва дар маҷлисгоҳи «Хуҷандобуканал» бо ширкати ҷавонони фаъол сурат гирифт.
Дирўз бошад, дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонони фаъоли шаҳр, ғолибони олимпиадаву гирандагони стипендияи Раиси вилоят ва шаҳр мулоқоти самимиву хотирмон доир шуд. Вохӯриро муовини раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, зарурати эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавононро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мисолҳои воқеӣ фаҳмонд.
Ҳамидулло Фақеров аз се рӯйдодҳои муҳими сол таҷлили ҷашнҳои 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25- солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон ёдовар шуда, қайд кард, ки омӯзиши таърихи сулҳи бебозгашти тоҷикон ва заҳмату ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар такя ба хиради сокинони ваҳдатшиори тоҷикон аз аҳамият набояд холӣ бошад. Махсусан насли ҷавон, ки ин воқеаҳоро аз забони калонсолон шунидаанд, бояд бештар хонанд ва қадри ободиву фазои тинҷу оромӣ кишвар расанд.
Шоира Фарзона дар суханронии худ аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти истиқлолият бояд маҳз ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолиятро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологнияҳои пешрафта тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то онҳо дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд.
Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш таъкид дошт, ки мулоқоти имрўза бо олимону зиёиён худ далолати онро медиҳад, ки давлат ва ҳукумат нисбати ҷавонон эътибори хосса дорад. Ва мақсади вохўрии имрўза низ он аст, ки салому пайғоми самими Ҳукумати кишварро то ба Шумо- ҷавонони азиз расонем. Шуморо бо ҷашни Ваҳдату эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон табрик гуфта, андешаҳои Шуморо перомуни боз ҳам тақвият ёфтани мақоми ҷавонон дар ҷомеа фаҳмида бошем ва ниҳоят аз мушкиливу муаммоҳои Шумоён то ҷое огаҳӣ пайдо намоем.
Хайрулло Сабуров ва Ботур Алимов зимни маърӯзаҳои худ дар бораи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда қайд намуданд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ барои рушди нерӯи зеҳнии ҷавонон фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки аз 13 муассисаи олии замони шӯравӣ ба 39 адад расонидан, аҳамияти хосса додан ба рушди зинаи миёнаи касбӣ худ далолати онро медиҳад, ки давлат ғамхори доимии ҷавонон аст. Ҳамчунин қайд шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: