Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Қоҳира ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид

Дар Қоҳира ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид

25-06-2018, 13:35
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қоҳира ба шарафи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Июнь 25, 2018 12:23

ДУШАНБЕ, 25.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 июн дар яке аз варзишгоҳҳои шаҳри Қоҳира ба муносибати 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ ва мусобиқаи футбол баргузор шуд, ки дар он гурӯҳе аз донишҷӯёну шаҳрвандони тоҷики муқими Миср иштирок карданд. Мизбонии ҳамоиши ҷашниро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти тоҷикони Миср ба уҳда доштанд.

Дар суханони шодбошӣ мизбонон Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ширкаткунандагони ҳамоиш табрик гуфта, аҳамияти сарнавиштсози ин рӯзро дар таърихи навини халқи тоҷик таъкид намуданд.

Дар ин росто зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ ба шарофати фидокориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарору пойдор шуд. Ширкаткунандагони ҳамоиш бо ҳамовозӣ пуштибонии худро аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда, изҳори омодагӣ карданд, ки ҷидду ҷаҳди худро баҳри ободиву пешрафти бештари Ватани маҳбуби худ дареғ надоранд.

Пас аз поёни маросими ифтитоҳи ҳамоиши ҷашнӣ мусобиқаи футбол сурат гирифт. Ба ғолибон ва иштироккунандагони мусобиқа ҷоизаҳои хотиравӣ, аз ҷумла, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Қоҳира ба забони арабӣ чоп шуда буд, тақдим гардид.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира хабар доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: