«Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар»- семинар дар ДМТ27-12-2016, 10:24
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дирӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ДМТ хабар доданд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён иштирок ва сухан карданд. «Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад»,-иброз дошт Дилшод Раҳмон, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.