Ҳамоиши ҷавонон оид ба омӯзиши асари Пешвои миллат31-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 363 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Кумиҷроияи вилоятии ҳизб таҳти унвони «Асари «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» ҳамоиш доир гардид. Ҷавонон дар оғоз видеофилмро оид ба таърихи начандон дури кишварамон тамошо намуда, қироати порчаҳои шеъриро дар васфи Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, инчунин иқтибосҳоро аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши ҳозирин гардониданд. Ҳамоиши мазкур бо мақсади иҷрои супориши Роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ба таври васеъ тарғиб ва муаррифии рушди соҳаҳои афзалиятноки давлатӣ, дастгириву тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, бо мазмуну муҳтавои ин асарҳо шинос намудани ҷавонон ва равона сохтани онҳо ба омӯзиши ин ду шоҳасар барпо шуд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.