Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Солимии миллат-боигарии давлат аст!

Солимии миллат-боигарии давлат аст!

20-06-2018, 09:07
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Панҷ. Солимии миллат омили пешрафти давлату миллат ба ҳисоб рафта, тарғиби ҳифзи солимии миллат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян шудааст.
Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаи тибро иқдоми зарурӣ медонад.
Бо ин мақсад масъулини Кумитаи иҷроия бо сокинони маҳаллаи Дарвози ҷамоати деҳоти Меҳвар як вохўрии судманд ташкил карда гузарониданд.
Шомаҳмадзода Музаффар дар баромадаш қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генофонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан ВНМО ва Гепатити С бисёр ташвишовар шудааст. Ҳамасола 300-350 ҳазор одам танҳо аз бемории Гепатити С ба ҳалокат мерасанд. Бинобар ин, ба ҳар як шаҳрванди кишвар зарур аст, ки оиди донистани бемориҳои сирояткунанда, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо маълумот дошта бошад.
Инчунин, зимни баргузории вохўрӣ масъулин оид пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҳунарҳои мардумӣ, оид ба терроризму экстремизм, интиқоли ғайриқонунии маводи мухадир, ки яке аз сабабҳои паҳншавии бемориҳои сиороятӣ ба ҳисоб меравад, суханронӣ намуда, мардумро барои ҳифзи солимии солимӣ ва муборизаи мутташакилона бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа даъват ба амал оварданд.



КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: