
Тарғиби тарзи ҳаёти солим, мафкураи солим ва муҳити солими зист яке аз равандҳои фаъолияти ҳизб буда, баҳри солимгардонии аҳолӣ ва нигоҳдошти солимии оилаҳои мардум равона карда шудааст. Имрӯз дар меҳмонии сокинони маърифатпарвари шаҳри Истиқлол ҳунармандони театри драмавии русии ба номи В. Маяковскийи шаҳри Душанбе бо роҳбарии режиссер Некқадам Шоҳназаров бо намоишномаи «Тақдир» ташриф оварданд. Дар толор ҳизбиён аз ҳисоби кормандони соҳаи тиб аз Маркази саломатӣ, беморхонаи марказӣ, Маркази мубориза бар зидди касалиҳои сил ва соҳаи маориф, волидон ва ҷавонон иштирок намуданд. Барномаи давлатӣ дар ин самт чун анъана ба таври баргузории семинар, конференсия ва хонишҳо амалӣ мегардад. Вале намоиши театркунонидаи мазкур ҳамчун яке аз усулҳои навини тарғиботи тарзи ҳаёти солим ва мубориза бар зидди касалии сил бо роҳи фаҳмонидадиҳии роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ пешкаш карда шуд. Ҳунармандон бо намоиши оддӣ бо забони оммафаҳм ба мардум дар бораи пешгирӣ ва табобати саривақтии сил маълумот додаанд. Чорабинии маърифатии мазкур бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Барномаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил баргузор гардид.