Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»

Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»

12-06-2018, 09:46
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
    Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»
Чанде пеш мо, гурӯҳи хурди рӯзноманигорони тоҷик бо даъвати Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишвар сафар намудем. Департаменти давлатии ИМА сиёсати хориҷии кишварро роҳандозӣ намуда, Котиби давлатӣ (вазири хориҷӣ) мушовири асосии президенти Амрико оид ба сиёсати хориҷӣ буда, барои ҳифзи манфиатҳои ИМА дар хориҷ масъул аст. Барномаи мо аз ҷониби Бюро оид ба масъалаҳои маориф ва фарҳанг баргузор гардид. Вазифаи асосии ин шуъбаи Департаменти давлатӣ ҳамдигарфаҳмӣ миёни ИМА ва дигар кишварҳо ва тарҳрезии барномаҳои байналмилалӣ оид ба табодули мутахассисон дар соҳаҳои маориф, фаъолияти касбӣ ва фарҳанг аст. Ҳамчунин ба мустаҳкам гаштани алоқаҳои шахсӣ, касбӣ ва ташкилотӣ миёни ниҳодҳо ва шаҳрвандони ИМА ва дигар кишварҳо мусоидат намуда, меҳмонони хориҷиро бо таърих, сохти давлативу ҷамъиятӣ, маданият ва фарҳанги ИМА бо гуногунрангияш шинос мекунад.
    Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»
Шуъбаи меҳмонони байналмилалӣ Барномаи меҳмонони байналмилалии сарвар (лидер)-он International Visitor Leadership Programm-ро роҳандозӣ ва маблағгузорӣ мекунад. Ин барнома соли 1940 бунёдгузорӣ шуда, мақсади он сохтани «пул»-и ҳамдигарфаҳмӣ миёни ИМА ва дигар кишварҳо аст. Тибқи ин барнома ба Амрико сарварони ҳозира ва оянда аз мамолики хориҷ бо сафарҳои касбӣ ташриф оварда, лоиҳа вобаста ба касбияти онҳо амалӣ мешаванд. Бо ёрии чунин ташрифот онҳо тамоми он омилҳои сиёсӣ ва фарҳангиеро, ки дар ҷамъияти амрикоӣ нақши асосӣ доранд, хубтар фаҳмидаву меомӯзанд, ҳамчунин бо кишвар, фарҳанг ва мардуми маҳаллӣ ошноӣ пайдо мекунанд. Меҳмонони барнома касбиятҳои гуногунро муаррифӣ мекунанд-онҳо аз ниҳодҳои давлатӣ, сиёсат, ВАО, маориф, ташкилоти ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг, тиб, соҳаи бехатарии байналмилалӣ, тиҷорату савдо ва дигар секторҳо ҳастанд. Зиёда аз 320 сарварони ҳозира ва собиқи давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ҳамчунин бисёр аз сарварону роҳбарони маъруфи секторҳои давлативу шахсӣ дар тамоми дунё иштирокчии Барномаи байналмилалии меҳмонони сарвар буданд.
Моро сараввал дар Вашингтон хонум Элизабет Гомес, сардори Раёсати мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА, Ричи Матес, ҳамоҳангсози барнома, корманди масъули Раёсати кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатӣ ва Ричард Бенак, роҳбари барномаҳои Контсортсиуми рушди байналмилалии Миссисипи пешвоз ва пазироӣ карданд.
Барномаи мо аз ҷониби Консортсиуми рушди байналмилалии Миссисипи (MCID) роҳандозӣ шуд.
Лоиҳаи барнома барои Ҷумҳурии Тоҷикистон актуалӣ буда, шахсан «ба дарди ман мехӯрд», чун на он қадар кам пайгириаш кардаам-«Муқовимат алайҳи экстремизми ҷанговар:стратегияҳо барои инъикос дар ВАО ва сохтори паёмҳо дар ин самт». Ҳамчунин дар барнома масъалаҳои мубрами мубориза алайҳи терроризм, ифротгароии диниву нажодӣ, таҷовуз дар оила ва дигар қазияҳо ворид буданд. Бояд зикр кард, ки ман ба Амрико бо як «багаж»-и на он қадар хурди донишу маълумоти зарурӣ парвоз мекардам-тақдир чунин буда, ки сафари ман имсол сурат гирифт, ҳарчанд пеш ҳам имконияти ташриф ба ин кишварро доштам-ҳам барои таҳсил ва ҳам даъватӣ будам, аммо чунин иттифоқ уфтода, ки сафар бо як барномаи мақбули ман баргузор гардид ва дар ин вақт. Зиёд дар бораи ин кишвари абарқудрат медонистам-таърих, сиёсат, фарҳанг, сохти ҷамъиятӣ, иқтисодиёт ва ҳамаи ин риштаҳоро омӯхтаву таҳлил кардам (чун дигар кишварҳоро, такя бар он ки тахассусам аст). Мутолиаи асарҳои Марк Твен, Хэмингуэй, Фолкнер, Ирвин Шоу, Ҷек Лондон, Эдгар Аллан По, Дэшил Хэммэт, Раймонд Чандлер, Ҷеймс Хэдли Чейз (ҳарчанд номбурда амрикоӣ набуд, вале дар асарҳои детективиаш оид ба ин кишвар менавишт) ва дигар адибони амрикоӣ ҳанӯз аз хурдиам шурӯъ шуда, О.Генри умуман нависандаи мақбултарини ман аст. Асарҳои тарҷумаиҳолии сиёсатмадорони машҳури амрикоӣ ва дигар осори ҳуҷҷатии сиёсӣ низ аз назари ман дур намонда, онҳоро таҳти таҳлили амиқ қарор додаам.
    Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»
Хуб, суханро ба дарозо намекашем-тавассути транзит аз шаҳри Франкфурти Олмон ба Вашингтон парвоз намудем. Шаҳри Вашингтон, округи Колумбия, дар ҳавзаи якҷояшавии дарёҳои Потомак ва Анакост ва миёни штатҳои Мэриленд ва Виргиния (ин штатро ҳамчунин «модари президентҳо» меноманд, чун 8 президенти пешинаи ИМА маҳз аз ҳамин мавзеъ ҳастанд) ҷойгир шудааст. Шаҳр ба шарафи Ҷорҷ Вашингтон (Қаҳрамони миллии Амрико, заминдори калон ва генерале, ки ҷанги истиқлолхоҳиро алайҳи Британия оғоз намуд, аввалин президенти кишвар маҳсуб мегардад, ҳарчанд ин нуқта то андозае баҳснок аст) ва округ ба шарафи Христофор Колумб-кашфкунандаи қитъа номгузорӣ шудааст. Вашингтон тибқи қарори Конгресс аз соли 1790 барои дар он ҷой додани ҳукумати федералӣ таъсис дода шуда, Пйер Ленфан, низомӣ ва муҳандиси фаронсавӣ нақшаи ин шаҳри федералиро бо майдон ва хиёбонҳои кушоди он дар мисоли Париж (зодгоҳи худи Ленфан) кашид. Дар аввал шаҳр на он қадар рушд мекард, нигоҳ накарда ба нақшаҳои бузурги Пйер Ленфан. Ҳамчунин Вашингтон танаффуси калонро дар самти рушд ҳангоми ҷанги соли 1812 аз сар гузаронид, вақте ки қушунҳои бритонӣ ба шаҳр зада даромаданд ва биноҳои давлатиро оташ заданд. Баъди азнавсозии Хонаи Президентӣ деворҳои он, ки дар натиҷаи сӯхтор сиёҳ шуда буданд, ранги сафед карда шуданд. Ҳамин тариқ, «Кохи Сафед» рӯйи кор омад. Аҳолии худи шаҳр айни замон 681 ҳазору 100 нафарро ташкил дода, аҳолии метрополияи бузурги шаҳри Вашингтон (бо иловаи канорҳои шаҳр дар штатҳои Мэриленд ва Виргиния) қариб 5,9 миллион нафар аст.
Шаҳри Вашингтон функсияҳои пойтахти Амрикоро иҷро мекунад, аммо ба ҳудуди ягон штат дохил намешавад. То соли 1974 шаҳр аз тарафи Конгресс идора мешуд, баъд ба он ҳуқуқи худидораро доданд. Ҳукуматро ин ҷо ҳоким (мэр)-и интихобшуда ва Шӯрои шаҳрӣ таҷассум мекунанд. Дар Конгресси ИМА мардуми шаҳрро вакил бе ҳаққи овоз муаррифӣ мекунад, ки ҳуқуқи иштирок кардан дар маҷлисҳои палата ва дигар чорабиниҳоро дорад. Тибқи тағйироти 23-и Конститутсияи ИМА ба сокинони округи Колумбия (шаҳри Вашингтон) ҳуқуқи овоздиҳӣ дар Коллегияи интихобкунандагон дар интихобити президентӣ дода шудааст. Аммо такя бар ин, ки шаҳр ба ҳудуди ягон штат дохил намешавад, аҳолии он ягон вакиле бо доштани ҳаққи овоз на дар Сенат, на дар Палатаи намояндагон надоранд.
Самти асосии Вашингтон-сиёсати дохиливу хориҷӣ аст. Соҳаи асосӣ дар сектори шахсӣ-туризм мебошад, ҳамасола ба шаҳр 18-19 миллион (!!!) сайёҳ ташриф меоранд. Замони ахир бисёр ширкатҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар самти электроника, физика ва дигар улум фаъолият мекунанд, офисҳои худро ин ҷо кӯчонидаанд. Дар шаҳр ҳамчунин соҳаҳои хидматрасониҳои молиявӣ ва интернет хеле рушд карда, қариб тамоми корпоратсияҳои бузурги ИМА (ки ба рӯихати 500 ширкатҳои бузургтарини олам дохил мешаванд) дар ин ҷо шуъбаҳои худро доранд.
Вашингтон-маркази бузурги маориф ва пажӯҳиш аст. Ин ҷо коллеҷ ва донишгоҳҳои дар тамоми дунё маъруф, чун Донишгоҳи Ҷорҷтаун, Донишгоҳи Колумбия, Донишгоҳи Хауард, Донишгоҳи Амрико, Донишгоҳи католикии Амрико, Донишгоҳи ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Донишгоҳи Галодет (муассисаи таълимии машҳур барои шахсони камшунаво) ва дигар муассисаҳои таълимиву маърифатӣ ҷойгир шудаанд. Дар шаҳр ҳамчунин бисёр институтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиббии илмиву пажӯҳишӣ ҳастанд.
Мо ҳамчунин аз мавзеҳои дар тамоми дунё машҳури Вашингтон-Кохи Сафед, китобхонаи машҳури Конгресс, Каитолий, Мемориали Авраам Линколн, Франклин Делано Рузвелт ва доктор Мартин Лютер Кинг (муборизи машҳур барои ҳуқуқҳои сиёҳпӯстон), Мемориалҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, ҷангҳои Корея, Вйетнам, Суди Олии Амрико ва дигар ниҳодҳои федеролӣ, аз Комплекси машҳури осорхонаҳои Смитсон (ки 11 осорхонаро дар бар мегирад), ва дигар мавзеҳои ҷолиб ва ҷамъиятиву давлатии ин шаҳр дидан намудем.
Пентагон-бузургтарин бинои офисӣ дар олам
Тибқи барнома моро ба Пентагон-ба истилоҳ Вазорати мудофиаи Амрико даъват намуданд. Он дар штати Виргиния воқеъ буда, аз соли 1943 вазифаи вазорати дифои кишварро иҷро мекунад. 5 ошёна болои замин ва 2 ошёнаи зеризаминӣ дорад. Бинои бузургтарини офисии дунё буда, 116 ҳазор метри квадратӣ бо 21 ҳазор метри квадратӣ саҳни ҳавлӣ дорад. Лоиҳаи онро архитектори амрикоӣ Ҷорҷ Бергстром омода карда, аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷон МакШейн аз Филаделфия, штати Пенсилвания сохта шудааст. «Пентагон»-аз тарҷумаи юнонӣ маънои «панҷкунҷа»-ро дорад. Ин ҷо моро намояндаи Департаменти давлатӣ Ян Кркич, сардори маркази матбуоти Пентагон Роб Мэннинг, сардори департаменти матбуоти Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА подполковник Майкл Эндрю ва дигар шахсони расмиву масъул пешвоз гирифтанд. Суҳбати ошкоро сурат гирифт, масъулин ба суолҳои «кунҷковона»-и мо посухҳои дақиқ ва иттилои васеъ доданд. Сипас моро ба саёҳати ин бузургбинои машҳур даъват намуданд. Сараввал аз толори матбуотии Пентагон дидан намудем. Ин ҷо тамоми расонаҳои бузурги дохиливу хориҷӣ фаъолият ва дастрасӣ ба иттилои аввалия доранд. Баъдан, афсари роҳбалад (барои мо ҷолиб ин буд, ки тибқи низомнома ӯ «пуштнокӣ» роҳ мегашт, ҳақ надорад, ки пушташро ба мо кунад, чун нишонаи ноэҳтиромист ва ӯ кори худро бо як касбияти баланд иҷро кард) моро бо долонҳои бузургу дарози бино ба сайр бурд. Хуб, таасуроту гуфтанӣ зиёд аст, танҳо ҳаминро қайд кардан лозим аст, ки дар хотима моро ба ҳамон канори бино бурданд, ки ҳангоми амалиёти машҳури террористии 11 сентябри соли 2011 яке аз тайёраҳои «Боинг»-и аз ҷониби террористон рабудашуда ба он бархӯрда буд. Дар ин кунҷи бино фармондеҳии Қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА воқеъ аст. Қурбонии ин амали террористӣ 125 корманди бино ва 64 мусофирони ҳавопаймо шуданд. Дар ин ҷо ба хотири қурбониёни ин амали террористӣ Лавҳа (Мемориал)-и Пентагон бунёд шудааст. Мо ҳам хотираи онҳоро пос доштем.
Сипас тибқи барнома моро ба Донишгоҳи машҳури Ҷорҷтаун даъват карданд. Ин Донишгоҳи маъруфи католикӣ соли 1789 аз ҷониби епископ Ҷон Кэрролл бунёд шуда, куҳантарин муассисаи олии таълимии конгрегатсияи католикӣ дар ҳудуди ИМА мебошад. Дар қатори 5 донишгоҳҳои беҳтарини дунё дохил шуда, дар самтҳои улуми сиёсӣ ва дипломатия мақоми аввалро дар олам ишғол мекунад. Хатмкунандагони ин муассисаи олии таълимӣ дар бисёр соҳаҳои ҷамъиятиву давлатии ҷаҳон маъруф ҳастанд-дар қатори онҳо 12 сарварони ҳозираи давлатҳо (ва сарварони собиқ, ба мисоли Президенти ИМА Билл Клинтон ва собиқ президенти Филиппин Глория Макапагал-Аройо), 23 губернаторҳои штатҳои гуногуни Амрико, 23 сенатори амрикоӣ, 11 узви хонаводаҳои шоҳӣ ва 79 дипломатҳо бо мақоми сафирӣ аз шумори онҳоянд. Ташкилоти донишҷӯии ин муассисаи олии машҳур ширкати бузургтарини Амрикоро, ки ба донишҷӯён тааллуқ дорад-Students of Georgetown,Inc.-ро роҳбарӣ мекунанд. Миёни тимҳои варзишии донишгоҳ, ки Georgetown Hoyas ном доранд, тими баскетбол аст, ки шумораи рекордии қаҳрамонии чемпионати Шарқи Калон (бозиҳои минтақаи шарқи Амрико)-ро соҳиб буда, ҳамчунин ғолиби Чемпионати миллии Амрико оид ба баскетбол дар соли 1984 шудааст. Ин ҷо моро доктор Линн С. Росс интизор буд-ӯ роҳбари устодон дар барномаи омода кардани магистрҳо бо тахассуси «Идораи сиёсат» аст. Доктор Росс инчунин директори шуъбаи дарсҳои амалӣ дар барномаи омода намудани магистрҳо оид ба сиёсатшиносии амрикоӣ буда, дар Маркази миллии корҳои дипломатии Департаменти давлатии ИМА таълим медиҳад. Ӯ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ИМА ва Раёсати маъмурӣ-буҷавии ҳукумати Амрико фаъолият карда, мутахассиси асосӣ дар самти идораи кадрҳо ва ва масъалаҳои буҷавӣ буд ва бо Сенат (Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои экология ва хоҷагидорӣ) низ ҳамкориҳо доштааст. Бакалаври Донишгоҳи Ню-Йорк, магистри идоракунии давлатии Донишгоҳи Сиракуза ва доктори сиёсатшиносии Донишгоҳи Ҷорҷтаун, хонум Росс ба мо курси кутоҳмуддати сохтори идоракунии давлатии Амрикоро гузашт. Барои ман ҳамчун магистри самти идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин курс хеле ҷолибу мавриди омӯзиши амиқ буд, ки ба донишҳои худ тавонистам донишҳои дигаре зам кунам. Ҳамчунин бароям мояи ифтихор аст, ки ин курсро дар Донишгоҳи беҳтарини олам дар самти сиёсатшиносиву дипломатия, ки ашхоси маъруфи дунё фориғуттаҳсили он ҳастанд, хатм кунам, ҳарчанд он кутоҳмуддат ҳам буд, вале ба камина бисёр чизҳоро дод.
    Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»
Баъдан аз дигар ташкилот ва муассисаҳои давлатии машҳури ИМА-Депатраменти Адлия (FBI), Департаменти давлатӣ (ҳукумат), маркази пажӯҳишии ба номи Пю ва дигар дидан намудем. Бо ҳамин барномаи мо дар Вашингтон, ки 6 рӯзро дар бар мегирифт, ба анҷом расид ва мо ба штати машҳури Калифорния, ки дар Амрико онро Golden State, яъне «Штати тиллоӣ» меноманд, ба шаҳри овозадори Лос-Анҷелес роҳ пеш гирифтем.
Калифорния-Ҳолливуд, уқёнус, афлесун ва…гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ
Парвози мо ба Лос-Анҷелес аз майдони ҳавоии ба номи Роналд Рейгани иёлати Виргиния тавассути шаҳри Чикаго сурат гирифт. Чикаго-саввумин шаҳри бузургтарини Амрико баъд аз Ню-Йорку Лос-Анҷелес маҳсуб мешавад (дар ин ду шаҳр шумораи зиёди хешовандону дӯстони ман зиндагонӣ мекунанд, ки муттаассифона фурсат даст надод, ки онҳоро бубинам), аммо ин ҷо оид ба ин шаҳр маълумоти зиёд нахоҳем дод, чун ин маротиба ҳадафи дигари барномаи мо «Шаҳри Фариштаҳо» буд.
Лос-Анҷелес моро бо ҳавои хеле мусоид пешвоз гирифт. Бояд гуфт, ки иқлими Калифорния нодир ва яке аз беҳтаринҳо дар ақсои олам ба шумор меравад, ки дар дигар ҷо дида намешавад-дар минтақаҳои гуногуни он ҳарорати ҳаво фарқ мекунад ва доимо яксону мусоид аст. Дар Лос-Анҷелес моро дар яке аз меҳмонхонаҳои машҳури шаҳр-Millennium Biltmore Hotel дар маркази шаҳр-Downtown ҷой карданд. Тазаккур бояд дод, ки дар тамоми шаҳрҳое, ки мо будем (масалан, дар Вашингтон меҳмонхонаи аълои Churchille Hotel дар Коннектикут-Авеню, маркази шаҳр), дар меҳмонхонаҳои олӣ ва дар марказ ҷой омода карда буданд ва дар ҳар шаҳр мошину ронанда моро интизор буд, ки ба дастандаркори ин чорабиниҳову сафари мо-Департаменти давлатии ИМА миннатдории худро баён мекунам.
Маркази маъмурии округ шаҳри Лос-Анҷелес-дуввумин аз рӯйи шумораи аҳолӣ шаҳри бузургтарини Амрико (баъд аз Ню-Йорк) ва калонтарин шаҳри штати Калифорния аст. Ин шаҳр соли 1781 аз ҷониби муҳоҷирини испанӣ бунёд гузошта шудааст, ки онро El Pueblo de Nuestra Senora la Reina de Los Angeles (“Шаҳри Модархудо, Шаҳбонуи фариштаҳо») ном гузоштанд. Баъд аз набардҳои хунини ҷанги Амрикову Мексика соли 1846 шаҳр ба ҳайати ИМА дохил карда шуд. Лос-Анҷелес дар вақти «васвасаи тиллоӣ» соли 1849 замони рушдро аз сар гузаронид, вақте ба он аз шарқи мамлакат фавҷи зиёди муҳоҷирон омаданд.
Округи Лос-Анҷелес на танҳо бо ҳаҷми бузурги худ, балки бо гуногунии этникӣ ва фарҳангии худ фарқ мекунад. Ин ҳавзаи аз рӯйи зичӣ аз ҳама бузурги Амрико бо аҳолии зиёда аз 10 миллион нафар мебошад. Майдони он 6 ҳазору 573 километри квадратист, ба ҳайаташ 88 воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ дохил шуда, бузургтарини он шаҳри Лос-Анҷелес мебошад, ки аҳолиаш анқариб 4 миллион нафар аст. Дигар нуқтаҳои машҳури аҳолинишин Санта-Моника, Беверли-Хиллз, Пасадена ва Малибу мебошанд, ки ба онҳо низ ташриф овардем.
Се самти асосии фаъолият дар ин округ бо иқтисодиёти гуногунҷанбааш тиҷорати байналмилалӣ, соҳаи дилхушӣ ва технологияҳои муосир ҳастанд. Округ маркази бузургтарини истеҳсолии ИМА ба ҳисоб меравад. Секторҳои муҳимтарини он саноати сабук, конструксияҳои металлӣ, таҷҳизот барои нақлиёт ва электроника ба шумор мераванд. «Қувваи пешбаранда»-и соҳаҳои нави иқтисодии Лос-Анҷелес технологияҳои муосир мебошанд, ки биомедитсина, информатикаи рақамӣ ва технологияҳои экологиро дар бар мегирад (оид ба технологияҳои экологӣ-мо дар кӯчаҳои шаҳрҳои гуногуни Амрико, махсусан дар қисми ғарбии он мошинҳои зиёди бо қувваи барқ ҳаракаткунандаи «Тесла»-и истеҳсоли ширкати ихтироъкори машҳур Илон Маскро дидем. Ба мо гуфтанд, ки теъдоди чунин мошинҳо сол аз сол афзоиш доранд). Дар минтақаи пешрафта, ки «Силикон-Бич» ном дорад, зиёда аз 500 ширкатҳои муосири технологӣ ва офисҳои чунин ширкатҳои машҳур, чун Google, Yahoo, YouTube ҷойгир шудаанд.
Дар бораи аҳолии ин ҷо муфассалтар бояд гуфт, ки мавзӯи ҷолиб аст. Аҳолии Лос-Анҷелес яке аз гуногунрангтарин дар кишвар ва ҷаҳон аст. Қариб 40% он дар хориҷа ба дунё омадаанд. Наздики нисфи сокинони округро афроди асли баромадашон аз Амрикои Лотинӣ (47-49%) ташкил мекунанд. Мавҷуд будани минтақа (анклав)-ҳои гуногуни этникӣ, чун «минтақаи чинӣ» (Chinatown), минтақаҳои «филиппинӣ», «кореягӣ», «Арманистони хурд» (Littie Armenia), «Эфиопияи хурд», «Бангладеши хурд», «Москваи хурд», «Токиои хурд», якчанд «Сайгонҳои хурд» (муҳоҷироне, ки ҳанӯз дар давраи ҷанги Вйетнам ин ҷо кӯч бастаанд ва фавҷи муҳоҷирати баъдина аз ин кишвар), «минтақаи таиландӣ» ва «Теҳронҷелес» (эрониҳое, ки баъди Инқилоби Исломии Эрон ба ин ҷо муҳоҷират намудаанд), хоси Лос-Анҷелес аст. Ҳамаи ин минтақаҳоро дидем, барои ман махсусан «Теҳронҷелес» ва «Арманистони хурд» ҷолиб буд ва ман бо бошандагони ин мавзеъ шиносоӣ пайдо кардам, ки тафсилоташро зер хоҳам овард.
Моро ба Маркази Симон Визентал даъват намуданд. Маркази Симон Визентал-ташкилоти ғайриҳукуматист, ки фаъолияташ ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, мубориза алайҳи терроризм, антисемитизм ва омӯзиши Холокост (маҳви яҳудиён дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ) равона карда шудааст. Марказ ба шарафи Симон Визентал-ходими машҳури ҷамъиятӣ, асосгузори Маркази ҳуҷҷатгузории яҳудӣ дар Австрия ва «шикорчӣ»-и машҳури фашистон номгузорӣ шудааст. Роҳбари кунунии он, яке аз яҳудитаборони маъруфи олам раббэ Абраҳам Купер моро истиқбол гирифта, суҳбате дойир сохтем ва раббэ Купер ба ҳама суолҳои мо посух гуфт. Дар ҳошияи ин боздид ҳамчунин моро ба Осорхонаи Таҳаммулпазирӣ бурданд, ки ба Марказ таалуқ дорад. Махсусияти ин осорхона ин аст, ки ҷо бо истифода аз технологияҳои пешрафта намоишҳои интерактивӣ гузаронида мешавад, ки асосан ба 2 мавзӯи доғи рӯз бахшида шудаанд-динамика ва хурофоти нажодпарастӣ дар Амрико ва таърихи Холокост. Масалан, дар намоиши «Амрикои дигар» харитаи бузурги интерактивӣ ба маъраз гузошта шудааст, ки дар он зиёда аз 250 гурӯҳҳои экстремистие, ки дар ИМА фаъолият доранд, нишон дода шудаанд. Хуб, оид ба осорхонаи мазкур гуфтаниҳо зиёд ҳастанд, вақти шуморо нахоҳем гирифт.
Сипас, мо ба барномаи рушди иқтисодии «Homeboy Industries» ташриф овардем, ки он назди Калисои миссионерии Долорес, ки дар минтақаи аз ҳама камбағалтарини Архиепархияи католикии шаҳр ҷойгир аст, фаъолият мекунад. Мақсади он таъмин намудани ҷойҳои корӣ барои аъзои собиқи дастаҳои ҷиноятист. Мо бо корхонаи нонпазӣ ва дигар корхонаҳои хурд шинос шудем, ки барои ҷинояткорони пушаймоншуда таъсис дода шудаанд. Дидем-ҷавонони ҳузарбе, ки пеш ба ҷиноят сарукор доштанд ва ҳоло ҳам баданашон пур аз «татуировка» аст, дар даст белу ҷорӯб гирифта, ба тоза кардани шаҳр мебароянд.
Мо ба «Гурӯҳи Timelist» рафтем. Сарвари он Андре Юсуф Уайли шахси дорои зиндагиномаи аҷиб, пеш ҷинояткори машҳур буда, дар зиндонҳои гуногун 22 сол маҳбасӣ буд. Ҳоло ҷамъиятеро созмон дода, ки ба ашхоси паси панҷарабуда ва аҳли оилаи онҳо ёрӣ мерасонад-маълумот гирифтан баъд аз озодӣ, дастрасӣ ба манзили зист, роҳнамоӣ, хидматрасонӣ ва амсоли ин. Андре Юсуф Уайли оид ба зиндагии пурпечутобаш китоби тарҷумаиҳолӣ навиштааст, ки ба ҳар яки мо бо соядаст туҳфа кард.
Штат дорои муассисаҳои олии маъруфи таълимист, ки шумораашон 112-то аст. Бузургтарини онҳо Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ, Донишгоҳи штати Калифорния, Институти политехники Калифорния, коллеҷҳои Клермонт ва амсоли инҳо мебошанд. Моро ба Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ даъват карданд, ки он ҷо бо олимон, аз ҷумла мутахассиси машҳур оид ба муқовимат ба терроризм доктор Эррол Саузерс вохӯрдем. Доктор Саузерс ҳоло профессори бехатарии миллӣ ва сиёсати давлатӣ дар самти контртерроризм дар Донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ (USC), ҳамчунин собиқ корманди ФБР ва ҷонишини директори бехатарии миллӣ дар маъмурияти губернатори собиқи Калифорния-ҳунарманди маъруф Арнолд Швартсенеггер буд. Ҳамчунин дар сохтори амниятии президенти пешинаи ИМА фаъолият дошт. Аз мутахассисони беҳтарин дар самти зиддитерроризм дар ҷаҳон маҳсуб мегардад. Мавсуф дар бораи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва нажодпарастии кишвар ва таҷрибаи мубориза алайҳи онҳо маълумоти васеъ дод ва миёни мо суҳбати ҷолибу ошкоро сурат гирифт.
Пас, моро ба ҳукумати шаҳр-City Holl даъват намуданд, ки дар ин ҷо бо ҳукуматдорони маҳаллӣ суҳбатҳо доштем. Шуъбаи ҳукумати шаҳр оид ба маҳдуд намудани шумораи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва тарбияи ҷавонону наврасон дар самти пешгирии фаъолияти чунин гурӯҳҳо фаъолият мебарад. Ин шуъба ба омӯзиш ва ҳалли масъалаҳои сабабҳои пайдо шудани чунин гурӯҳҳо машғул буда, ба наврасони 10-15 солае, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ зери таъсир гирифта мешаванд, кумак мекунад. Чораҳо оид ба пешгирӣ дар сатҳи маҳаллаҳо гузаронида шуда, онҳоро мутахассисоне мегузаронанд, ки худ пеш узви чунин гурӯҳҳои ҷиноӣ буданд ва аз ҷониби аудиторияи мушаххас соҳиби боварӣ ҳастанд. Дар рафти вохӯрӣ мо оид ба пешгирии зӯроварӣ аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ маълумоти кофӣ гирифтем.
Баъд аз ин моро шериф (сардори пулис)-и округи Лос-Анҷелес Рэй Уилсон интизор буд, ки мавсуф дар бораи гурӯҳҳои ҷиноии минтақа ва мубориза алайҳи онҳо маълумот дод. Ана дар ҳамин ҷо муфассал сухан хоҳем ронд:
Ҷинояткорӣ-«лаънати кӯчаҳои Амрико» ва Mara Salvatrucha
Ҳарчанд Амрико кишвари дорои иқтисодиёти бузургтарини олам ва абарқудраттарин давлат аз лиҳози ҳарбиву шароити зист аст, ин ҷо ҳам проблемаҳои бузург вуҷуд доранд. Оре, давлат иҷтимоист, барои шаҳрвандони худ фикр мекунад ва онҳо дар бисёр самтҳо аз ин дастгирӣ бархурдор будаву зиндагии осуда доранд. Вале ин ҷо чизе ҳаст, ки «иллюзия»-и осудагиро мутаассифона «тиратар аз тирашаб» мекунад. Ин бошад, ҷинояткорӣ ва ҳукмронии дастаҳои ҷиноӣ дар канорҳои шаҳрҳои калон ва шумораи зиёди аслиҳа дар дасти шаҳрвандон аст.
Рэй Уилсон ба мо иттилоъ дод, ки дар округ 18 ҳазор корманди пулис фаъолият доранд, ки пайваста бар зидди ҷинояткорӣ мубориза мебаранд. Аммо дар худи шаҳри Лос-Анҷелес зиёда аз 70 ҳазор узви дастаҳои муташаккили ҷиноӣ амал мекунанд. Ин ҷо чунин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро, чун Mara Salvatrucha (гурӯҳи латиноамрикоиҳо), Bloods, Crids (гурӯҳҳои ҷиноии афроамерикоиҳо) ва дигарҳоро номбар кардан мумкин аст, ки ба фурӯши маводи мухаддир, қатлу куштор ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд. Махсусан, зикри Mara Salvatrucha (ё ин ки MS-13, «мӯрчаҳои оворагарди салвадорӣ») ҷойиз мебуд, ки бо бераҳмии махсусаш овозадор аст. Яроқи дӯстдоштатарини аъзои он-мачете (табаркорди тези латиноамерикоӣ) аст, ки тавассути истифода аз онҳо қурбониёнро ба қисмҳо пора мекунанд. Дар 43 штати Амрико ва кишварҳои наздики латиноамерикоӣ фаъол буда, теъдодашон то ба 300 ҳазор ҳадс зада мешавад. Рӯихати фаъолияти «дӯстдоштатарин»-и ин гурӯҳи байналмилалии ҷиноятӣ аз рекэт, куштор, дуздидани мошинҳо, таҷовуз, фурӯши маводи мухаддир, зӯроварӣ ва дигар «дастагул» иборат аст. Чуноне мебинем, пулис ва ҳатто Гвардияи Миллии Амрико «бекор» намемонанд ва доимо дар муборизаи беамон алайҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди кишвар ҳастанд.
Дар бораи муҳоҷират ин ҷо сухане чанд бояд гуфт. Шахсан барои ман ин навигарӣ набуд, ки амрикоиҳо мардуми кушодачеҳраву меҳмондӯст ва хушмуомила ҳастанд. Дар ин ҷо ба муҳоҷирин, аз ҷумла муҳоҷирини корӣ аз ҷониби мардум ва ниҳодҳои давлатӣ муносибати хуб ба роҳ монда шудааст ва ҳеҷ кас инҳоро ҳаққи тазйиқ додан ва поймол кардани ҳуқуқҳои онҳоро надорад. Муҳоҷирини корӣ дар Амрико осуда кору фаъолият мекунанд (Амрико дар ин самт, яъне шумораи муҳоҷирон дар дунё мақоми аввалро касб мекунанд) ва ба пайвандони худ ба кишварҳояшон маблағ мефиристанд. Аммо баробари рӯйи кор омадани маъмурияти Доналд Трамп сиёсати зиддимуҳоҷирӣ пурзӯр карда шуд ва ин асос ҳам дорад.
Гап сари он аст, ки муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ (ва аз фазои пасошӯравӣ, ба истилоҳ, «мафияи русӣ», ҳарчанд дар муқоиса бо зодагони Амрикои Лотинӣ шумораашон камтар аст) зиёд сафи гурӯҳҳои ҷиноиро пур мекунанд, ки ин ҳолат табиист, ба ҳукуматдорон ва аҳолии маҳаллӣ хуш намеояд. Барои ҳамин президенти ИМА нияти сохтани девор дар сарҳади Мексикаро дорад ва ӯро «фаҳмида» ҳам мешавад. Гап сари он аст, ки маданияти муҳоҷирон ин ҷо гуногун аст ва дар минтақаҳои хитоинишин, кореянишин, филиппиниҳо, вйетнамиҳо вазъ он қадар боиси ташвиш нест (ҳарчанд, ки «триада»-ҳои чинӣ ва «бригадаҳо»-и ҷиноии вйетнамӣ ҳастанд, вале дар умум миқёси фаъолият ва зарари инҳо ба ҳар ҳол камтар аст). Дар бораи ҳамзабонони эронии мо, ки баъд аз Инқилоби Исломии Эрон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд, сухан ронем, ин тамоман дигар чиз аст. Дар натиҷаи Инқилоби Исломӣ асосан «муҳоҷирати сафед» сурат гирифта буд ва аслан зиёиёну мардуми машғул ба меҳнати зеҳнӣ ба «Дунёи Нав» кӯч бастанд. Айни замон эрониҳо дар Амрико дорои эътибор ва нуфузи бузург буда, қисми зиёди роҳбарияти Агентии кайҳонии миллии кишвар (NASA), бисёр ширкатҳои бузург, олимону духтурон, муҳандисони маъруфи амрикоӣ маҳз ҳамзабонҳои мо ҳастанд. Онҳо аз «элита»-и ҷамъияти амрикоӣ маҳсуб гашта, дар «табақабандӣ» ҳатто аз бисёр «амрикоиҳои бумии сафедпӯст» боло меистанд. Хушбахтона, бо бархе аз эрониҳои муваффақ дар Калифорния суҳбатҳо доштам.
Ба «Арменияи хурд» низ рафтам. Ҳа, ногуфта намонад, бархе аз дӯстони ман, ки шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, аз штати Колорадо ба Лос-Анҷелес омаданд ва маро чанд рӯз меҳмондорӣ карданд, ки миннатдории худро баён мекунам. Бо онҳо ба «Арменияи хурд» ва Ҳолливуди Ғарбӣ чанд рӯз пайваста рафтем. Нуфузи арманиҳо низ ин ҷо зиёд аст-калисоҳо ва мағозаҳои сершумор ба онҳо дахл дорад ва қисми зиёди таксиронҳо низ ҳаминҳоянд. Дар шаҳри Глендейл чандин ҳокиму шахсони масъул низ арманӣ буданду ҳастанд. Айни замон диаспораи арманиҳо дар ИМА қудрату тавоноии чашмрас дорад. Дар Лос-Анҷелес бо якчанд дӯстони арманитабори худ вохӯрдам.
Либерализми барзиёд ба чӣ хоҳад овард?
Дар Амрико, чуноне қайд кардем, як ҷамъияти таҳаммулпазиру аз лиҳози иҷтимоӣ осуда рӯйи кор омадааст, аммо, ба ҳар ҳол, «ҳар беша гумон мабар, ки холист». Ҳамаи мо, қадри ҳол бисёриҳо, медонем, ки масъалаҳои нажодӣ шурӯъ аз соли ба даст овардани истиқлолият то миёнаҳои қарни 20 дар ин кишвар ҳассосияти худро доштанд ва то ҳол актуалӣ ҳастанд. Баъд аз ҷанги шаҳрвандии қарни 19 миёни Шимоли саноатӣ ва Ҷануби кишоварзӣ ба сиёҳпӯстон озодӣ дода шуд. Аммо ғуломони дирӯза, ки ба хӯрок ва ҷойи хоби тайёр одат карда буданд, акнун, ки озодӣ барояшон муяссар гашт, дар зиндагӣ даступо хӯрданд ва бисёриҳо назди соҳибони пешинаи худ баргаштанд, акнун ба ҳайси коргарони кироя. Шахс ба фикр меуфтад-барои чӣ сиёҳпӯстон, ки дар иқлими гарми Алабама, Луизиана, Огайо, Миссури, Индиана ва дигар штатҳои ҷанубӣ одат карда буданд, бо фавҷҳои зиёд ба штатҳои нисбатан сарди шимолии Ню-Ҷерси, Иллинойс, Род-Айленд, Ню-Йорк, Массачусетс, Коннектикут, Дэлавэр, Пенсилвания, Вермонт, Мэн ва амсоли ин кӯч бастанд ва ҳоло дар баъзе шаҳрҳо (масалан, Вашингтон) аксарияти аҳолиро ташкил мекунанд? Гап сари он аст, ки ҳангоме коргарони сафедпӯсти корхонаҳои саноатии шимолӣ барои зиёд кардани музди меҳнат корпартоӣ мекарданд, соҳибони ин корхонаҳо илоҷи воқеаро ёфтанд-акнун онҳо қатора-қатора сиёҳпӯстони тоза озодӣ ба даст овардаро ба шаҳрҳои саноатии шимол меоварданд ва инҳо бо маблағи ночиз (чунки сатҳи касбияташон паст буд) ба кор шурӯъ мекарданд. Ин шаҳрвардони сиёҳпӯст рақибони коргарони сафед ва дар шаҳрҳо ҷойгир шуданд. Табиист, ки ин ҳолат дар самти ҳамзистии нажодӣ ташаннуҷро ба бор меовард ва ин ҳол андаке зиёдтар то миёнаи қарни 20 давом кард (сегрегатсия-яъне ҷудо намудани аҳолии сиёҳпӯст ва дигар мардуми «ғайриаврупоӣ» аз дигар амрикоиҳо дар нақлиёт, мактаб, тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиву маҳдуд кардани дастрасӣ ба ҳаёти солими ҷамъиятӣ). Аммо чанд даҳсолаи ахир сиёсати таҳаммулпазирӣ аз афзалтарин иқдомоти давлат шуд ва акнун, масалан, барои «ниггер» гуфтан ҷазои чашмрас интизор аст (агар сиёҳпӯстон зери лагадкӯбӣ накашанд)-онҳо ҳоло «афроамерикоӣ» ҳастанд. Бо вуҷуди ин сиёсати роҳандозӣ шуда, ҷамъияти сиёҳпӯстони Амрико орӣ аз камбудиҳо нест-чунин ба назар мерасад, ки ба ин нахуст худи онҳо гунаҳгоранд. Духтарон ин ҷо бисёр маврид зиндагии бетартиби шаҳвонӣ мебаранд ва мактабро тамом накарда, аллакай бархе соҳиби 1-2 ва ё зиёда аз ин фарзанд ҳастанд. Барои кӯдак давлат кумакпулӣ медиҳад ва ин занони ҷавон дигар кор намекунанд ва бори гарони андозе, ки барои нигаҳубин ва хӯрокпулии онҳо сарф мешавад, асосан ба дӯши коргарони сафедпӯст бор мешавад. Дар маҳаллаҳои сиёҳпӯстон, ки кумакпулиҳои иҷтимоӣ мегиранд, сатҳи ҷинояткорӣ баланд аст ва инҳо бисёр маврид дар кӯчаҳо бо доштани сатҳи маданияти на он қадар баланди худ («мулоимтар» карда гӯем) фарқ мекунанд. Гор, таксирони армании сокини Лос-Анҷелес, ки маро бо дӯстонам ба сайри Ҳолливуди шабона мебурд, маслиҳат дод, ки шабона ба Санта-Моника (рӯзона дар ин мавзеъ будем, бениҳоят макони зебост) наравем: «сиёҳпӯстон он ҷо маданияти паст доранд, дағал ҳастанд ва шумо ҳатман дастбагиребон хоҳед шуд, чун тоҷик ҳастед ва «хуни гарм» доред. Онҳо ба ҳар роҳгузар «чаққа» мешаванд, дӯст надорам шабона он ҷо равам». Ва моро ба Сансет-булвари машҳур бурд (дар ин ҷо бархе аз афроди машҳури ҷаҳониро дидам). Гор ҳақ аст-инро ман бо чашми худ дидам ва эҳсос ҳам кардам, ҳарчанд бо ман касе «дастбагиребон нашуд. Аҷиби кор ин аст, ки бархе аз латиноамерикоиҳои маҳаллӣ маро шӯхиомез «гринго» (чун чеҳраи аврупоӣ дорам) номиданд. Дар штатҳои ғарбии Амрико ва Мексика одами сафедпӯстро маҳз чунин меномиданд (ва ҳоло ҳам чунин аст, ҳарчанд аҳён бошад).
Хуб, ақидае мавҷуд аст, ки ба аҳолии сиёҳпӯст барои рушди солим гӯё имкон намедиҳанд ва ҳамаи ин «гетто»-ҳову маҳдудиятҳо сунъӣ ҳастанд-аммо ин нуқта баҳснок аст ва аз назари банда асоси воқеӣ надорад. Ба назар мерасад, озодии аз ҳад зиёд ва сиёсати иҷтимоии давлат шаҳрвандони сиёҳпӯсти амрикоиро муфтхӯр ва «маст» кардааст. Албатта, на ҳама афроамерикоиҳо чунин ҳастанд, миёни онҳо афроди арзанда, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва махсусан варзиши ин кишвар саҳм доранд, кам нестанд. Вале, чуноне мебинем, мушкилот вуҷуд дорад.
Дар мисоли латиноамерикоиҳо ҳам метавон чунин гуфт. Вале миқдори на он қадар ками онҳо имрӯз узви фаъоли ҷомеаи америкоӣ ва барои рушди кишвар саҳмгузор ҳам ҳастанд…
Ин ҷо баръало дарк хоҳӣ кард, ки чаро Доналд Трампи «моҷароҷӯ» дар интихобот ғалаба кардааст-Трамп ҳамчун «умеди сафедпӯстон» муаррифӣ мешавад бо изҳороти зиддимуҳоҷирии худ ва ваъдаҳои ба тартиб даровардани сиёсати либералӣ, ки мушкилоти нажодиро ба бор овардааст.
Шаҳри зебои Пасадена моро интизор буд-идораи рӯзномаи Pasadena News Star. Бо ҳайати роҳбарикунандаи нашрия ва рӯзноманигорон вохӯрдем. Ларри Уилсон, сармуҳаррири рӯзнома ва айни замон роҳбари Гурӯҳи хабарии Калифорнияи ҷанубӣ, ки 10 нашрияро муттаҳид мекунад, дар бораи фаъолияти контсорсиум маълумот дод. Гуфта шуд, ки рӯзномаҳои амрикоӣ низ як мушкилоти сахтеро аз сар мегузаронанд-рушди технологияҳои рақамӣ ва интернет ва шумораи коргарон ихтисор карда шудааст. Хуб, имрӯз мушкилоти ҳар нашрияи чопӣ дар тамоми олам.

    Нигоҳи мунсифона ба «Дунёи Нав»
Ҳамчунин дар шаҳри Пасадена ба хонаи Самуэл Лаш меҳмон шудем. Ҷаноби Лаш шахси бисёр аҷиб аст-донандаи 6 забон, ба 120 мамлакати дунё сафар кардааст. Ҳамчунин фарди «таърихист»-муҳандиси пешбари ширкати дар ҷаҳон маъруфи Xerox буд ва яке аз аввалинҳо дар ҷаҳон солҳои 70-и қарни гузашта сари ихтирои принтери лазерӣ кор бурдааст. Ӯ ҳоло 85-сола аст ва новобаста аз ин синну солаш озодона мошин меронад ва дар корҳои ҷамъиятии шаҳр иштироки фаъолона дорад. Баъд аз таоми бегоҳирӯзӣ бо ҷаноби Лаш ба сайри пиёдаи кӯчаҳои шабонаи зебошаҳри Пасадена (ин ҷо асосан шаҳрвандони табақаи миёна ва боло зиндагонӣ мекунанд ва заминаш яке аз гаронарзиштарин дар штату мамлакат маҳсуб мегардад) баромадем ва ӯ дар бораи таърихи бунёди он ва хонаводааш нақлҳои ҷолиб намуд. Барои ман, ки таърихро хеле дӯст дорам, ин сайругашт бо чунин фард фаромӯшношуданист.
Ғайр аз ин, Ҳолливуди машҳур, студияи номдори Universal Pictures ва макони дар ҷаҳон машҳури дилхушии Universal Studios Park, осорхонаҳо ва дигар макони маърифативу хабарӣ ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Лос-Анҷелесро дидем. Дӯстдорони мусиқӣ аз тамоми ҷаҳон Филармония ва Операи Лос-Анҷелесро медонанд, ки роҳбари он овозхони машҳури опера дар олам (тенори бузург) Пласидо Доминго аст.
Дар Амрико мо шоҳиди «Марши ҷавонон алайҳи силоҳ» шудем, ки дар расонаҳои ҷаҳонӣ васеъ инъикос шуда буд. Он аз Лос-Анҷелес оғоз гардид ва иштирокдорони он дар меҳмонхонаи мо қарор гирифтанд. Ин ҳамоиш то Вашингтон, Кохи Сафед рафт ва миллионҳо нафар дар он иштирок доштанд. Мақсади он-манъ кардани фурӯши озоди силоҳ буд-дар дасти амрикоиҳо ҳоло зиёда аз 300 миллион адад силоҳи оташфишон маҳфуз аст, ки баъзан ба бадбахтиҳо меорад-масалан, дар мактабҳо (ҳамин ҳоло, ки ман ин сатрҳоро менависам, дар штатҳои Техас ва Флорида, ки камина он ҷо будам, боз чунин ҳодисаҳои тирпарронӣ дар мактабҳо рух доданд, ки ба шумораи зиёди қурбониён миёни наврасон овард) ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар бисёр одамон ҷони худро дар натиҷаи тирпаррониҳо бохтаанд ва вазъ дар ин самт ташвишовар маҳсуб мегардад.
Невада, Флорида, боз Вашингтон ва бозгашт ба Ватани маҳбуб
Боз ду штати дигар моро интизор буд ва кӯшиш мекунам мухтасаран баён кунам.
Аз Лос-Анҷелес парвози мо ҷониби шаҳри Ринои штати Невада сурат гирифт. Рино-пеш шаҳри овозадортарин, маркази дилхушӣ (казино) буд, аммо баъдан «парчам»-ро дар ин самт аз он шаҳри Лас-Вегас гирифт. Рино дорои толорҳои бузург аст ва бисёр чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ин ҷо сурат мегиранд. Дар ин ҷо мо бо директори иҷроияи Northen Nevada International Center (Маркази байналмилалии Невадаи Шимолӣ) Карина Блэк ва дар Донишоҳи Невада бо доктори маъруфи улуми сиёсӣ Сюзанн Мартин вохӯрдем. Сюзанн Мартин мутахассиси варзида дар самти муқовимат алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва таҷовуз дар ҳама шаклҳояш мебошад. Сипас факултаи журналистикаи Донишгоҳи мазкурро дида, бо декани он Алан Ставитски ва гурӯҳи профессорон вохӯрдем. Факултаи журналистикаи ин муассисаи олии таълимӣ яке аз беҳтаринҳо дар кишвар маҳсуб мегардад ва он дорои тамоми таҷҳизоти зарурии навтарин аст. Ин ҷо мактаби журналистика ба номи Доналд Рейнолдс (тоҷири сарватманд ва сарпарасти машҳури илму маърифат) таъсис дода шудааст. Ҳамчунин бо директори иҷроияи лоиҳаи «Help» («Кумак») мисс Сандра Ли низ вохӯрӣ доир шуд. Ин лоиҳа дар самти пешгирии терроризму ифротгароӣ миёни ҷавонон корҳои маърифатӣ мебарад. Бо профессори сохтмони шаҳрвандии Донишгоҳи Невада Шариф Алфаз низ вохӯрдем. Номбурда айни замон сарвари уммати мусулмонони Невадаи Шимолӣ аст. Дар хусуси шароити зисти шаҳрвандони мусулмонони ин штат суҳбат доир кардем.
Баъдан ба резерватсияи ҳиндувони қабилаи пайот ва осорхонаи он, ки дар соҳили кӯли Аҳромҳо воқеъ аст, рафта, аз шароити зисти ин мардуми бумӣ дидан кардем. Тибқи барнома зиндони штатро дидем ва бо шароити нигоҳдошти маҳбусон шинос шудем. Ба Маркази ҳолатҳои фавқуллодаи штати Невада, пойтахти он шаҳри Карсон-Сити рафтем ва роҳбарони тамоми бахшҳои он ба мо оид ба фаъолияташон маҳлумоти васеъ ва саҳеҳ доданд. Ҳамчунин ба ташкилоти ғайридавлатии Tahoe Safe Allianse («Эътилофи бехатарии Тахо»), воқеъ дар яке аз мавзеъҳои зебои штат даъват карданд ва роҳбари он Пол Бэнкрофт бо мо суҳбати судманд дошт. Ин ташкилот ба расондани ёрӣ ба қурбониҳои таҷовузи оилавӣ ва ифротгароиву терроризм машғул аст. Дар охир дар манзили сокинони маҳаллӣ хонаводаи Лукасҳо меҳмон будем.
Барномаи шашрӯзаи мо дар Невада ба итмом расид ва мо тавассути шаҳри Даллас (ҳамон шаҳре, ки он ҷо президент Ҷон Кеннедиро соли 1963 кушта буданд)-и штати Техас ба Ҷексонвилл, иёлати Флорида парвоз кардем.
Дар Флорида низ барномаи мо ҷолиб буд. Дар ин ҷо мо ба ситоди Гвардияи Миллии штати Флорида, шаҳри зебоманзари Сент-Агустин рафтем ва бо фармондеҳони гурӯҳи таъиноти махсуси мубориза зидди маводи мухаддири Гвардия вохӯрӣ доштем. Гуфта шуд, ки ҳамасола дар Амрико аз таъсири маводи мухаддир он қадар одамон мефавтанд, ки дар 18 соли ҷанги Вйетнам чунин миқдор талаф нашуда буданд. Флорида-нуқтаи ҷанубии ИМА аст ва қисми зиёди маводи мухаддир маҳз тавассути ҳамин штат ворид ва мусодира мешавад. Зиндони шаҳри Ҷексонвиллро низ дидем ва бо маъмурият ва зиндониён суҳбатҳо доштем. Раёсати пулиси округи Дювали Флорида калонтарин дар штат аст ва роҳбарияти он ҳангоми вохӯрӣ бо мо оид ба сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақа маълумот дод.
Сипас, ба идораи рӯзномаи калонтарини штат-Florida Times-Union рафтем. Сармуҳаррири он Ҷонатан Фэнтон ва рӯзноманигорони машҳуру пешбари рӯзнома Эллен Келли ва Стив Паттерсон моро хуш пазироӣ карда, оид ба фаъолияти ин рӯзномаи бонуфузи Флорида сӯҳбати доманадор доштем. Ҳамчунин, шабакаи телевизионии First Coast News, ки ба медиа-холдинги машҳури NBS дохил аст, моро интизор буд ва бо масъулини он вохӯрда, аз шароити кору фаъолияташон огоҳӣ пайдо кардем ва мусоҳиба дойир кардем. Радиостансияи WJPT дар шаҳри Ҷексонвилл машҳур аст ва директори гурӯҳи хабарии он Ҷессика Паломбо зимни вохӯрӣ аз бурду бохти ин шабакаи радиоӣ суханронӣ намуд ва миёни мо муколамаи ҷолиб сурат гирифт.
Хуб, бардошт ва таҳлилу натиҷагириҳо аз ин сафар зиёд ҳастанд ва ман кӯшиш кардам, ки дар баёни онҳо мухтасар бошам. Амрико-кишвари имкониятҳои бузург барои ҳар фарди боистеъдод аст ва дар ин ҷо ҳар шахс, новобаста аз миллат, забон, нажод, ва эътиқодаш метавонад бурдбор бошад ва ин танҳо аз худаш вобаста аст. Албатта, ҷомеаи амрикоӣ тӯли се қарни мавҷудияташ роҳи пурпечутобро тай карда, аммо ҳоло ин ҷо як ҷамъияти осудаи иҷтимоӣ ва либераливу демократӣ рӯйи кор омадааст. Ҳаминро бояд қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз шумори аввалин кишварҳои дунёст, ки истиқлолияти давлатии моро шинохта, аз нахустинҳо дари сафорати худро дар пойтахти кишвари азизамон боз кардааст. Шурӯъ аз ҳамон давр кишварҳои моро риштаҳои мустаҳками равобити сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мепайванданд, ки ин равобит дар заминаи баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтаанд. Махсусан, ҳамкориҳои илмӣ ва ҳарбӣ-техникии мо қобили қайд аст. Имрӯз Амрико яке аз шарикони боэътимоди мо дар муносиботи байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин кишвар ҳангоми вохӯриҳо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи хатарҳои муосир, чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши маводи мухаддир таъкид сохтанд ва умедворӣ низ буд, ки дар ин самт кишварҳои мо ҳамкориҳои судмандро боз ҳам тақвият хоҳанд дод.
Ин буд шаммае аз сафари ман ба Амрико.
Душанбе-Вашингтон-Лос-Анҷлес-Рино-Ҷексонвилл-Вашингтон-Душанбе.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: