Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Тақдири талх»-и президентони ИМА. Оё «силсилаи фоҷиавӣ» тасодуфист?

«Тақдири талх»-и президентони ИМА. Оё «силсилаи фоҷиавӣ» тасодуфист?

4-11-2016, 13:35
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
«Тақдири талх»-и президентони ИМА. Оё «силсилаи фоҷиавӣ» тасодуфист?

Таърих аҷиб аст ва дар он ҳаводиси ҳайратовар, ки бештар тасодуфро мемонад, зиёд вомехӯрад. Онро метавон ҳам дар ҳодисот ва ҳам дар тақдири ашхоси алоҳида дид, ки то андозае ҷолиб аст. Президентони ИМА низ дар ин радиф истисно нестанд.

Ғайр аз тақдири ба ҳам хеле монанди Авраам Линколн ва Ҷон Кеннеди шабоҳат доштани шарҳи ҳоли сарвари Олмон Адолф Гитлер ва президенти ИМА Франклин Делано Рузвелтро дидан мумкин аст:

Ҳар ду аз инҳо душмани ҳамдигар буданд, аммо бо фарқияти як рӯз соли 1933 сари қудрат омаданд. Рӯзи савгандёдкунии Рузвелт бо рӯзи овоздиҳӣ дар Рейхстаг барои додани салоҳияти диктаторӣ ба Гитлер мувофиқат мекунад. Рузвелт ва Гитлер 6 сол кишварҳои худро аз буҳрони амиқ бароварданд ва ҳар яки онҳо, бо роҳҳои мутафовит, Ватани худро ба самти рушд бурданд. Ҳар дуи инҳо моҳи апрели соли 1945 бо фарқияти 18 рӯз фавтиданд.

Аммо ин ҳоло тамом нест. Ба мо шарҳи ҳоли сарварони амрикоӣ мароқангез аст. Аз рӯйи тартиботи хронологӣ оғоз мекунем:

Уилям Генри Гаррисон президенти 9-и ИМА соли 1840 интихоб гардид ва тибқи муқаррарот 4 марти соли 1841 маросими савгандёдкуниро паси сар кард. Миёнаи моҳи марти соли ӯро бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дар қабзаи қавии хеш гирифт ва 4 апрели соли 1841 Гаррисон даргузашт. Сарварии ӯ сари давлати Амрико 30 рӯз, 12 соат ва 30 дақиқаро ташкил дод. Уилям Генри Гаррисон нахустин президенти ИМА гардид, ки ҳангоми адои вазифа фавтид.
Соли 1860 президент Авраам Линколн интихоб гардид. 14 апрели соли 1865 ӯ ҳамроҳи оилааш ба спектакли «Холабачаи амрикоии мо» ба театри Форд рафт. Экстремист Уилки Бут, ҳангоме ки диққати ҳама ба саҳна равона шуда буд, ба президент наздик шуд ва аз қафо ба сараш тир холӣ кард. Баъд Бут ба саҳна ҷаҳид ва фарёд зад- «Sic simper tyrannis!”, ки нидои бошандагони штати Виргиния буда, маънои «Ҳамаи золимонро ин интизор аст!»-ро дорад. Соати 7:20 субҳи дигар Линколн ҷон дод.

Ҷеймс Абрам Гарфилд соли 1880 мақоми президентиро касб кард. Субҳи 2 июли соли 1881 Гарфилд ба сафари Англияи Нав омодагӣ медид. Ҳангоме ки ӯ дар истгоҳи Baltimore and Potomac дар Вашингтон қатораро интизор буд, ба ҷони ӯ сӯиқасд карданд. Гарфилдро ба Қасри Сафед бурданд ва муддати 3 ҳафта пайи муолиҷааш буданд. Баъд аз он ҷо ӯро назди оилааш ба Ню-Ҷерси интиқол доданд. 19 сентябр ӯ аз бистар нахеста вафот кард.

Уилям Мак-Кинли соли 1900 ба муҳлати дуввуми президентӣ даст пайдо кард. 6 сентябри соли 1901 дар ярмарка ба ӯ анархист Леон Чолгозс ду маротиба тир холӣ кард. Издиҳом ба Чолгозс дарафтид, аммо Мак-Кинли фармон дод, ки ба ӯ даст нарасонанд. 8 рӯз баъд аз ҷарроҳӣ президент аз гангрена фавтид. Қотилро баъд аз як моҳ ба дор кашиданд.

Соли 1920. Президент Уоррен Хардинг. Духтурон ба ӯ тавсия доданд, ки истироҳат кунад. Ӯ бо ҳамроҳонаш дар Сан-Франсиско қарор гирифт. Он ҷо, дар меҳмонхонаи Палас, 29 июли соли 1923 Хардинг вафот кард. Новобаста аз он, ки ҷасад ташхис нашуд, духтури шахсии президент эълон кард, ки ӯ аз эмболия мурдааст (эҳтимол меравад, ки ӯро заҳр дода буданд).

Рузвелт, ки соли 1940 ба муҳлати чорум (нахустин ва охирин маротиба дар таърихи ИМА) президент интихоб гардид, акнун миёни мардум кам мебаромад. Соли 1944 аҳволи ӯ хеле бад шуда буд. Сафари дарозмуддат ба Ялта ва ғалаба дар интихобот ӯро сахт афсурда карда буданд. Баҳори соли 1945 ӯ бо нияти табобат ба Уорм Спрингс, штати Ҷорҷия рафт. 12 апрели соли 1945 ӯ дар натиҷаи кафидани раги хун дар сар ҳамон ҷо вафот кард. Худи ҳамон рӯз Гарри Трумэн ҷойи ӯро дар Қасри Сафед ишғол кард.

Ҷон Кеннеди, ки соли 1960 президент интихоб гардид ба шаҳри Даллас, штати Техас сафар кард. 22 ноябри соли 1963, ҳангоме, ки ӯ бо ҳамсар ва дигар ҳамроҳонаш дар мошини болокушода аз кӯчаҳои шаҳр мегузашт, ҷонибаш Ли Харви Освалд (чунин маҳсуб мегардад) тир кушод. Дар натиҷа баъд аз чанде президент фавтид.

Соли 1981 ба президент Роналд Рейган шахси бемори руҳидошта Ҷон Хинкли чанд тир холӣ кард., ки ӯро баъдан ноқисулақл эълон намуда, ба табобатгоҳи махсус равон карданд. 3 нафар ҳамроҳони президент маҷруҳ ва як тир ба қафаси синаи Рейган бархӯрд. Ӯ бо муъҷизае зинда монд-тамоми дастоварди тибби муосир барои наҷоти президент истифода шуданд.

Ҳашт президент, ки дар фосилаи 20 солӣ интихоб шуданд. Ҳамаро куштанӣ буданд, 7 нафари онҳо дар мақоми президентӣ вафот намуданд. Тибқи қоидаҳои омор, ин акнун тасодуф не, балки қоида аст. Чаро чунин аст ва марги президентони ИМА силсилавӣ сурат мегирифт?

Лаънати Текумсе?


Аз аввал оғоз мекунем. Аз ҳукмронии бритонӣ озод шуда, давлати ҷавони амрикоӣ машғули васеъ намудани ҳудуд гардид. Фишор ба сарзамини ҳиндувонро касе манъ намекард ва генотсиди ҳақиқӣ оғоз шуд. Аммо соли 1795 ба амрикоиҳо муяссар гардид, ки бо як қатор қабилаҳои ҳинду Созишномаи Гринвиллро имзо кунанд, ки тибқи он бояд ҳудудҳои муосири Огайо ва Индиана ба ихтиёри сафедпӯстон мегузашт. Бо ин на ҳама розӣ шуданд ва 10 сол баъд яке аз доҳиёни қабилаи шауни-Текумсе конфедератсияи қабилаҳоро созмон дод.

Текеумсе писари доҳӣ буд. Падар ва ду бародари калониаш ҳангоми ҷангҳои ҳиндувон алайҳи фаронсавиҳо кушта шуда буданд. Боз як бародари Текумсе-Тенксватава бо тахаллуси Авлиё (Пешбин) миёни ҳиндувон «мазҳаб»-и нав ҷорӣ кард, ки он даст кашидан аз машрубот, асбоб ва оинҳои сафедпӯстонро талаб ва созишномаҳо оид ба фурӯши заминҳоро ба онҳо манъ мекард. Тенксватава миёни мардум аз муҳаббати зиёд бархурдор буд.

Текумсе бо бародараш дар соҳилҳои рӯди Типпекану қарияе бо номи Профетстаун бунёд кард, ки маънои «Шаҳри Пайғамбар»-ро дорад ва он маркази конфедератсияи ҳиндувон гардид. Вақте Тенскватава соли 1806 гирифтани Офтобро пешгӯӣ кард, шумораи тарафдорони Текумсе зиёд гардид. Акнун амрикоиҳо маҷбур буданд ӯро эътироф кунанд.

Соли 1810 Уилям Гаррисон, генерал ва сиёсатмадор, аз президент Ҷефферсон фармон гирифт, ки ҳиндувонро аз ҳудуди Индиана пеш кунад. Бисёр қабилаҳо ба бастани созишнома оид ба истифодабарии замин розӣ шуданд, аммо Текумсе ин ҳуҷҷатҳоро эътироф накард. Ӯ ду маротиба бо Гаррисон вохӯрд, таҳдиди ҷанг намуд ва ҳушдор медод, ки ба Британия муроҷиат хоҳад кард, то ин ки «маликаи баҳрҳо» мустамликаҳои худро бозпас бигирад…
Баҳори соли 1811 Текумсе барои моил намудани қабилаҳои бузурги ҷанубӣ (семинол, чероки ва диг.) ба иттиҳод назди онҳо рафт. Ҳамин вақт генерал Гаррисон бо дастаи 1000-нафара ба Профетстаун наздик омад. Пеш аз рафтан Текумсе бародарашро огоҳ карда буд, ки бо касе ҷанг накунад, аммо ӯ, ҳамин ки сарбозони наздикшударо дид, амалиёти ҷангиро оғоз намуд. Вале Гаррисон, ки фаҳмида буд Текумсе дар лагер нест, ягон гуфтушунид ҳам бурданӣ набуд.

Ҳиндувон мағлуб шуданд. Профетстаун ба оташ кашида шуд, конфедератсия бисёр тарафдоронашро аз даст дод. Текумсе, хабари торуморро шунида, ба лагери Гаррисон асиронро фиристод, то ин ки изҳорот («лаънат»)-ашро ба ӯ расонад:

Ба гуфти ӯ, Гаррисон дар интихоботи имсола мағлуб мешавад ва «Доҳии Бузург» нахоҳад шуд. Дар интихоботи оянда метавонад ғалаба ба даст орад, вале то охири муҳлат ҳукм нахоҳад ронд, чун дар мақоми президенти мефавтад. «Ягон президент дар мақоми хеш намурдаааст»-эътироз карданд амрикоиҳо. «Вале Гаррисон хоҳад мурд. Ман инро мегӯям. Ва вақте ки ӯ мурд, шумо марги бародари ман Тенскватаваро ба ёд хоҳед овард. Шумо фикр доред, ки бародари ман баъд аз фавт қобилияташро гум кардааст? Ҳамоне, ки Офтобро гирифт ва сурхпӯстонро аз оби оташин (машрубот) ва дигар одатҳои бади шумо эмин дошт? Гаррисон хоҳад мурд. Ва баъд аз ӯ ҳар як Доҳии Бузург, ки баъд аз 20 сол интихоб мешавад, дар мақомаш хоҳад мурд. Ва ҳар боре, ки Доҳӣ мемурад, ҳамагон марги мардуми моро ба ёд хоҳад овард!!!»

Ҳамин тавр ҳам шуд-тамоми кӯшиши сӯиқасд ба ҷони президентон, ки дар соле, ки ба 0 тамом мешавад, интихоб шудаанд, ба марги онҳо оварда расонд. Чуноне Текумсе «ваъда» дод, силсилаи маргҳо аз Гаррисон оғоз гардид…

Ҳамин тариқ, 7 президенти ИМА тибқи пешгӯии Текумсе ҳангоми иҷрои вазифа фавтиданд-бархе аз дасти қотилон, дигарон бо баҳонаҳои табиӣ. Қайд мекунем, ки тибқи шартҳои ӯ муҳим нест, ки шахс ба муҳлати дуввум интихоб мешавад ва ё аввалин маротиба мақомро касб мекунад-ҳамонҳое ранҷ дидаанд, ки «баъд аз 20 сол» дар интихобот ғалаба карданд.

«Лаънати Текумсе» хеле хуб ҳам ба хадамоти махсус ва ҳам ба президентҳо маълум буд. Вале он ҳамчун соати швейтсарӣ бекамукост кор мекард.
Чуноне дар боло зикр намуда будем, 30 марти соли 1980 Ҷон Хинкли ба Роналд Рейган (муҳлати президентӣ 1980-88) 6 тир холӣ кард. Ӯро дарҳол ба бемористон бурданд ва ҷарроҳӣ карданд. Ин дафъа «лаънати Текумсе» кор надод-новобаста аз шуши тирхӯрда, Рейган зуд сиҳат шуд ва хеле баъдтар, соли 2004 аз бемории Алтсгеймер вафот кард. Аммо ҷароҳати бардоштаи ӯ дар қарни 19 аниқ марговар мебуд.

Тақдири президентони гузаштаро Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки соли 2000-ум интихоб шуда буд, такрор накард. 11 сентябри оли 2001 ӯ метавонист қурбони амали террористӣ гардад (як тайёраи аз ҷониби террористон рабудашуда бояд ба Қасри Сафед бармехӯрд. Ҳоло дар бораи ҳақиқат доштан ё устуравӣ будани ин амалиёти террористӣ мавриди сухан нест). 10 май норинҷаки аз ҷониби Владимир Арутунян ба минбаре, ки дар он президентони ИМА Ҷорҷ Буш ва Гурҷистон Михаил Саакашвили қарор доштанд, партофташуда натаркид.

Яъне, маълум мегардад, ки «лаънати Текумсе» ё ин ки қувваташро гум кардааст, ё ба «ҳафт пушт» (тақдири 7 президентро ба ёд оред) таъсир мекунад. Варианти дуввум ба воқеият наздик мебуд, агар сухан оид ба анъаноти насронӣ мерафт. Чун қоида, барои гуноҳҳои содиркарда «ҳафт пушт» зарар мебинанд. Чуноне, ки дидем, маҳз ҳафт президент «пеш аз муҳлат» фавтиданд.

Аммо Текумсе анъаноти насрониро намедонист ва ӯ оид ба «пушти ҳафтум» чизе нагуфта буд. Ин ҷо, бо эҳтимолияти зиёд, сухан оид ба гузашти вақт ва баланд шудани касбияти муҳофизони президентон меравад. Аммо ин «лаънат» метавонад маккор ва муваққатан нуҳуфта бошад…

Соли 1812 миёни ИМА ва Британия ҷанг оғоз гардид ва Текумсе тарафдори бритониҳо шуд. Дар артиши Британия ӯ унвони генералиро шарафёб гардид ва дар чанд набарди калон, ки англисҳо дар онҳо ғолиб омаданд, иштирок намуд. Аммо тирамоҳи соли 1813 дар дарёчаи хурди Темза, ки ба бритониҳо тааллуқ дошт, зимни муҳорибае Текумсе ба ҳалокат расид…

Президенти кунунии ин кишвари абарқудрат ҳамин сол (яъне, «охираш 16») интихоб шудааст ва метавонад «оҳи сабук» бикашад. Аммо, ба ҳар ҳол, «эҳтиёт ними ҳаёт» гуфтаанд…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: