Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зоҳир Ҳабибзода: Амрико кишвари имкониятҳои бузург барои истеъдодҳост

Зоҳир Ҳабибзода: Амрико кишвари имкониятҳои бузург барои истеъдодҳост

29-11-2016, 11:07
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Зоҳир Ҳабибзода: Амрико кишвари имкониятҳои бузург барои истеъдодҳост

Аз санаи 1 то 13 ноябри соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва КМИР бо ҳайатҳои Арманистону Сербия аз рӯи Барномаи «Ҷаҳони Кушода» тариқи озмун дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт. Оид ба муҳтавои ин сафар суҳбате доштем бо яке аз иштирокчиёни он, мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи марказии КИМ ҲХДТ Зоҳир Ҳабибзода:

Барномаи «Ҷаҳони Кушода» («Open World»)-ро кӣ маблағгузорӣ мекунад ва мақсади он аз чӣ иборат аст?

Ин барнома аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мегардад. Маблағгузории иловагӣ метавонад аз ҷониби шахсони дигар ва ширкатҳо низ сурат бигирад. Барнома ба ходимони ҷавони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ равона шудааст. Мақсади он-шиносоӣ пайдо кардан бо фаъолияти институтҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иштироки бевосита доштан дар ҳаёти ҷомеаи амрикоӣ дар маҳалҳост. Ҳангоми сафар иштироки ҳайатҳо дар лоиҳа ва чорабиниҳои маҳаллӣ ва баргузории вохӯриҳо бо намояндагони маъмурияти ҳокимияти давлатӣ, доираҳои фарҳангиву соҳибкорон ва сарварони ҷамъиятии ҷомеаи маҳаллӣ дар назар дошта шуда буд.

Нақши Китобхонаи Конгресси Амрико, Маркази «Ҷаҳони Кушода», сафорати Амрико ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байналмилалӣ дар гузаронидани Барнома чи гуна аст?

Китобхонаи Конгресси ИМА роҳбарии умумии барномаро танҳо дар оғози роҳандозӣ намудани он дошт. Ҳоло роҳбарии барнома бар дӯши Маркази мустақили «Ҷаҳони Кушода» аст, ки ҷузъи Китобхона нест, ҳарчанд, ки дар бинои он ҷойгир шудааст. Ғайр аз ин, директори Китобхонаи Конгресс доктор Ҷеймс Х. Биллингтон раиси Шӯрои сарпарастони Маркази «Ҷаҳони Кушода» мебошад.

Сафорати ИМА дар раванди интихоби номзадҳо барои иштироки онҳо дар барномаи «Ҷаҳони Кушода» ширкат дошта, дар таҳия ва банақшагириву додани раводид ба онҳо кӯмак мерасонад.

Шӯроҳои Амрикоӣ оид ба маълумоти байналмилалӣ-ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, дар самти маълумоти байналмилатӣ ва консалтинг амал мекунанд ва ба барномаи мазкур ёрии маъмурӣ ва моддиву техникӣ мерасонанд. Дар ситоди Шӯроҳои Амрикоӣ дар Вашингтон (округ Колумбия) тамоми корҳои зарурӣ, аз қабили таҳияи хатсайрҳо ва додани маълумот ба ташкилоту оилаҳои қабулкунанда, гузаронидани семинарҳои аввалия ва омода кардани тарҷумонҳо барои ҳайатҳо гузаронида мешаванд.

Чӣ гуна метавон иштирокчии барномаи «Ҷаҳони Кушода» шуд?


Тибқи қоидаҳои барнома худпешбарӣ қабул намешавад. Номзадҳои эҳтимолӣ бояд аз ҷониби яке аз ташкилотҳое, ки Марказ бо онҳо ҳамкорӣ дорад, пешниҳод гарданд. Хусусияти интихоби ташкилоти пешбаранда нуфузи калон доштани онҳо дар кишвар ва арсаи байналмилалӣ, таҷрибаи бузург доштан дар мавзӯъ ва самтҳое, ки барои рушди муносиботи Тоҷикистону ИМА ва фаъолияти онҳо дар самти баргузории лоиҳаҳои байналмилалӣ ва рағбат ба ҳамкориҳо мебошад.

Донистани забони англисӣ барои иштирокдорон ҳатмист?

Ҷолиб, ки на. Зиёда аз ин, барномаи «Ҷаҳони Кушода» махсусан ба онҳое пешбинӣ шудааст, ки забони англисиро балад нестанд ва пеш аз ин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боре ҳам набуданд. Маводи семинарҳои аввалия, барномаи сафарҳо ва дигар ҳуҷчатҳои муҳим барои иштирокдорон ба забони модарии онҳо пешниҳод мегарданд. Барнома музди кори тарҷумонҳои касбиро пардохт мекунад. Вале донистани забони ҷониби мизбон барои иштирокдорон хуб аст, чун бисёр монеаҳоро рафъ месозад.

Аз назари Шумо, 10 рӯз барои омӯхтани ҳаёти ҷомеаи амрикоӣ муҳлати кам нест?

Дар назар дошта шудааст, ки иштирокчиёни барнома ходимони пешбару фаъоли давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҳастанд, ки наметавонад ҷойҳои кори худро ҳафта ва моҳҳо барои таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар тарк кунанд. Барномаи «Ҷаҳони Кушода» чорабиниҳои кутоҳмуҳлат, аммо ғаниро пешниҳод мекунад. Пеш аз оғози он барои гурӯҳҳо дар кишвари намоянда ва Вашингтон (округ Колумбия) тасвири васеи фаъолияти инситиутҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷомеаи амрикоӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, дар Вашингтон вохӯриҳои кории иштирокдорон бо намояндагони воломақоми ҳукумати федеролии ИМА ва ҳукуматҳои иёлат (штат)-ҳо гузаронида мешаванд. Баъд аз семинари аввалия дар Вашингтон ҳайатҳо ба иёлат ва шаҳрҳои гуногуни Амрико фиристода мешаванд. Азҷумла, ман ва бархе аз ҳамроҳонам ба шаҳри Шарлоттсвилл, иёлати Вирҷиния сафарбар шудем.

Иёлати номдори Вирҷиния, ватани 8 президенти ИМА, макони дорои ҷойҳои сершумори таърихиву ҷолиби диққате, ки бо Инқилоби бузурги Амрико ва ҷанги шаҳрвандии ин кишвар алоқаманд ҳастанд…

Оре, дар Амрико ба ин иёлат муносибати махсус ҳаст. Ин мавзеъ барои рӯйи кор омадани кишваре чун ИМА дар харитаи сиёсии ҷаҳон нақши бузургеро дорост. Тӯли замони зиёд Вирҷиния маркази асосии сиёсии Амрико маҳсуб меёфт. Дар кишвар ин иёлатро шӯхиомез «модари президентҳо» ҳам меноманд.
Дар Вирҷиния барномаи сафари мо ғанӣ буд, ки доираи таърихиву фарҳангиро дар бар мегирифт. Мо осорхонаи қушунҳои сарҳадиро дидем, дар маҳали Монтпелйе қароргоҳи 4-ум президенти ИМА- Ҷеймс Мэдисон, дар Хайленд манзили 5-ум президенти Амрико Ҷеймс Монро, Донишгоҳи Иттиҳоди Ричмонд ва Вирҷиния, Палмира ва дигар ҷойҳои таърихиву маърифатиро зиёрат кардем. Мавзеҳои табиии Вирҷиния ҳам хеле зебо ҳастанд. Моро ба қаторкӯҳҳои Кабуд бурданд, ки сарҳади табиии ғарбӣ барои амрикоиҳои аввалин буданд. Ҳама ҷо тозаву озода, азҷумла макони мо-Шарлоттсвилл як шаҳри муосири фарҳангӣ буд. Зеҳният ва одоби мардумаш хеле баланд аст, ки мутаассифона аз фарҳанги кӯчаҳои мо то андозае фарқ дорад…

Чӣ тавр? Шарҳ диҳед.

Аввалан ин ки мо дар кӯчаҳои Шарлоттсвилл ва дигар мавзеҳои Вирҷиния мардумеро надидем, ки ҳамту дар кӯчаҳо нишаста суҳбат кунанд-на мард ва на махсусан занҳо. Касе баланд гап намезанад, бо овози баланд намехандад. Дар муошират ҳама ботамкин ва ботавозуъ ҳастанд. Ҳама аз пайи кору зиндагист, дар харакҳо нишаста пайи «ғайбат»-и дигарон ва думболи фитнаҳои гуногун нестанд, касе ба дигаре кор надорад, ки чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад ва чӣ қадар дороӣ дораду бо чӣ восита онро ба даст овардааст, ибодат мекунад ё на, чанд зан дораду чанд маъшуқа ва ғайраву ҳоказо. Ягон кӯдакро ҳам дар берун «бесоҳиб»-у беназорат мушоҳида нахоҳед кард, пулис низ ба чашм ягон маротиба нахӯрд. Умуман, менталитети сокинони он ҷо ба куллӣ фарқ дорад. Масалан, дар Ню-Йорк, Лос-Анҷелес, Сан-Франсиско ва дигар шаҳрҳои бузургу сермағал ва пур аз муҳоҷирон чунин сукуту оромишро дигар нахоҳед дарёфт.

Шумо ба «ҷароҳати ирсӣ»-и мо «намак пошидед»-чӣ кор кунем, ин ҷо охир Шарқ аст, ратсионализми ғарбӣ аз мо дар дуриҳост…Хуб, барномаи вохӯрӣ бо ходимони сиёсиву ҷамъиятии маҳаллӣ чи гуна сурат гирифт?

Дар Вашингтон, ки сараввал мо он ҷо фуруд омадем, барномаи фарҳангии мо ҷолиб буд. Моро мутасаддиёни Маркази «Ҷаҳони кушода» Ҷон О,Киф-Директори иҷроияи Маркази сарварии «Ҷаҳони Кушода» ва Люис Маданик-менеҷери барнома пешвоз гирифтанд ва мо аз Китобхонаи Конгресс ва бинои овозадори Капитолий, ҳамчунин аз дигар мавзеи ҷолиби диққати округи Колумбия дидан кардем. Сипас бо ашхоси маъруф, чун доктор Самуэл Потоликкио, ҷаноби Энтони С. Бойер, доктор Ҷон Браун аз Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва дигарон, дар Шарлоттсвилл бо доктор Ларри Сабато-асосгузор ва директори Маркази омӯзиши сиёсати Донишгоҳи Вирҷиния, профессор Кен Строуп-сарвари маъмурияти Донишгоҳи Вирҷиния, Ҷо Томас-консерватор, ходими сиёсӣ аз ток-шоу, ки дар Radio 107,5-и Шарлотсвилл барномаҳои сиёсиро мебарад, профессор Ҷудит Твиг, хонум Кристин Жанко аз Шӯрои шаҳрии Шарлоттсвилл ва дигарон вохӯриҳо гузаронидем. Махсусан, фаъолияти хонум Кристин Жанко ҳамчун ходими сиёсӣ барои мо ҷолиб буд. Дар шаҳр ӯ ҳамчун «сиёсатмадори кӯчагӣ» маъруф аст, ки коргоҳи худро надошта, вохӯрӣ бо интихобкунандагони худро дар қаҳвахонаву китобхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегузаронад. Дар он вохӯрие, ки мо дар Шӯрои шаҳрии Шарлоттсвилл доштем, ӯ парчами Тоҷикистонро бо худ ба маҷлиси шаҳрӣ овард ва аввалин маротиба дар таърихи он парчами мо дар қатори парчами ИМА дар ин чорабинии сиёсӣ дар толор қарор дошт.

Сафар дар замони интихоботи президентии Амрико сурат гирифт. Шумо бевосита шоҳиди ин чорабинии муҳими сиёсии кишвар будед, ки бемуболиға диққати тамоми ҷаҳониёнро ба худ кашид, чун обруву нуфуз ва таъсири ин давлати абарқудраттарини олам дар муносиботи байналмилалӣ хеле бузург аст. Он, ба назари Шумо, чӣ тарз ҷараён дошт? Умуман, интихобкунандаи амрикоиро чи гуна дарёфтед?

Чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ба монанди интихоботи президентӣ дар ин кишвар дар сатҳи баланд мегузаранд. Аз ҷониби мақомоти шаҳрӣ барои шаҳрвандон «мусофиркаши интихобкунандагон» ҷудо карда мешавад, ки истифодаи он рӯзи интихобот ройгон аст. Моро низ сайр дар ин мусофиркаш то участкаи интихоботӣ насиб гашт ва имкон доштем бо интихобкунандагон суҳбатҳо кунем. Интихобкунандаи амрикоиро ман шахси дорои ҳисси баланди масъулият ва дар ҳақиқат ватандӯст дарёфтам. Ӯ барои тақдири ояндаи кишвараш бетафовут нест. Участкаҳои интихоботӣ ҳама пур аз шаҳрвандон буданд ва он ҳам аз назари мо ва ҳам аз назари мушоҳидони дохиливу байналмилалӣ шаффоф ва дар фазои осудаву мутамаддин гузашт. Дигар чиро ҳам ман умедвор набудам.

Ин аввалин сафари Шумо ба Амрико буд. Онро чи гуна ба худ «кашф» кардед? Аз нигоҳи Шумо, чист он, «ҷомеаи амрикоӣ»?

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр кунам-он чизе, ки ман дар ин кишвари бузург мушоҳида кардам, болотар аз пиндори ман буд. Ҷомеаи амрикоиро ман дар дар ҳақиқат демократӣ ва пешрафта, ки он ҷо адолати иҷтимоӣ ҳукмфармост, дарёфтам. Мардумаш озодаву ботамкин ва сатҳи баланди фарҳанг ва муоширатро доро аст. Ин ҷо касе ба ранги пӯст ва эътиқодат аҳамият намедиҳад, барои зуҳури нажодпарастиву таҳаммулнопазирии милливу мазҳабӣ ҷазои ҷиддӣ пешбинӣ шудааст. Пулис бо муҳоҷирон муносибати мутамаддин дорад ва қадри онҳоро нигоҳ медорад. Амрикоиён мардуми кушодадилу кушодачеҳра ва бо меҳмонони кишвар меҳрубон ҳастанд. Ин аз менталитети таърихии онҳо манша мегирад. Гузаштагони онҳо афроди ҷасур ва корчаллоне буданд, ки аз қитъаи Аврупо рафта, дар он сӯи уқёнуси Атлантик, дар Нимкураи Ғарбӣ, дар шароити душвор чунин кишвари бузургро бунёд гузоштаанд ва хислати амрикоиёни имрӯза аз онҳо ба мерос мондааст.

ИМА дорои бузургтарин иқтисодиёти дунёст. Як чиз яқин аст- ин ҷо агар коҳилӣ накунед (ба умеди кӯмакпулии давлат набудан. А.Д.) ва пайи мақсади хеш кор кунед, новобаста аз миллат, ранги пӯст ва эътиқодатон натиҷаашро ҳатман хоҳед дид. Амрико кишвари имкониятҳои бузург барои ашхоси боистеъдод аст.

Ояндабинии муносиботи Тоҷикистону ИМА аз назари Шумо?

Он ходимони сиёсиву ҷамъиятие, ки мо бо онҳо вохӯриҳо доштем, нисбати кишвари мо назари комилан мусбӣ доранд ва ҷонибдори густариши ҳар чи бештари равобити гуногунҷабҳа миёни Тоҷикистону ИМА мебошанд. Ин натиҷаи сиёсати дуруст ва дурандешонаи раҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки «сиёсати дарҳои кушода» тавъам бо ҳифзи манофеи миллии мо мебошад. Итминон дорам, ки бо омадани маъмурияти нав дар Кохи Сафед равобити тарафайн судманди кишварҳои мо рушди тозаеро касб хоҳанд кард.

Ташаккур барои суҳбат.

мусоҳиб Азамат Дӯстов





















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: