Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Элизабет Миллард: «Дарахти дўстии Тоҷикистону ИМА бор хоҳад овард»

Элизабет Миллард: «Дарахти дўстии Тоҷикистону ИМА бор хоҳад овард»

1-02-2017, 15:14
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Элизабет Миллард: «Дарахти дўстии Тоҷикистону ИМА бор хоҳад овард»

Имсол ба муносиботи дипломатӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Вобаста ба ин санаи муҳим ва равобити кишварҳои мо суҳбате оростем бо сафири ИМА дар Тоҷикистон бону Элизабет Миллард:


-Бону сафир, Иёлоти Муттаҳида аз нахустин кишварҳое буд, ки таърихи 25 декабри соли 1991 истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф намуд ва шурўъ аз соли 1992 сафорати кишвари Шумо дар Душанбе дарҳои худро кушодааст. Инак, баъд аз гузашти чаҳоряк аср сатҳи муносиботи дуҷонибаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Ташаккур. Қаблан бояд арз кунам, ин рўзе, ки барои суҳбат интихоб намудед, барои ман хотирмон аст, чунки маҳз ҳамин рўзи соли гузашта ман ба ҳайси сафир ба Тоҷикистон омадам. Чанд муддат пас аз вурудам ба Тоҷикистон ба ман шарафи бузург насиб гашт, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи худро супорам. Аз дигар тараф, барои ман он далел эътибори хосса дорад, ки ман замони 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сафири ИМА дар кишвари шумо таъин шудам. Шумо дуруст қайд кардед, мо дар остонаи санаи 25-солагии ба роҳ мондани муносиботи дипломатӣ миёни кишварҳоямон қарор дорем. Дар арафаи омодагирӣ ба ин сана мо озмуне эълон намудем, ки иштирокчиёни он бояд рамзи беҳтарине, ки муносиботи судманди моро инъикос мекунад, пешкаш мекарданд. Рамзи ғолиб муайян шуд, ки зери он мисраъҳои ба ҳар як фарди тоҷик ошно:
Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад,-


нигошта шудааст. Аз назари ман, ин чаҳоряк асри равобити муштарак хеле сермаҳсул, барои тарафайн судманд ва дорои зарфиятҳои ҳоло то ба охир истифоданашудаанд.

-Маъмурияти Шумо ба ҳайси намояндаи ИМА дар ин мақом тўлонӣ нест. Пеш аз таъинот дар бораи Тоҷикистон чӣ тасаввурот доштед ва баъд аз омадан ба ин ҷо онро чӣ гуна дарёфтед?

Сафари нахустини ман ба минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2005 ба кишвари Қазоқистон буд. Рўзи охирини ин сафар, ки ба моҳи апрел рост меомад, мо ният доштем ба мавзеи Чимбулоқ, ки минтақаи лижаронии наздики Алма-атост, сафар намоем. Аммо ин нияти мо ҷомаи амал напўшид, чун барфи зиёд борид ва ярч фаромад. Баъд аз чанд соат ба ҳавопаймо нишастем ва чанде баъд ба маконе фуруд омадем, ки гулпўшу сабзу хуррам буд. Фаҳмидам, ки ин ҷо Душанбе аст.
Ҳангоме, ки ҷаноби Президент (президенти қаблии ИМА Барак Обама- А.Д.) ба ман иброз дошт, ки маро мехоҳад ба Тоҷикистон сафир таъин кунад, ман ба ў гуфтам, ки ин бароям хеле навигарии хуб аст.
Аз оғози вурудам ба ин ҷо ман ҳамарўза ба навигариҳои мусбӣ рў ба рў мешавам. Ман ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар кардам ва аз зебоиҳои нотакрори табиати он дар шигифт ҳастам. Мардуми ин ҷо мисли амрикоиён меҳмондўсту кушодачеҳра аст, ҷавонон фаъолу пайи ҷустуҷўи навовариҳоянд, сатҳи заковати онҳо хеле баланд аст. Умуман, дар ин радиф миёни тоҷикону амрикоиён умумияти зиёд ҳаст. Ман ҳоло мисраъҳои

Дўст ояд, гарм бар огўш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун,


–ро бо забони тоҷикӣ аз ёд кардам, ки бароям хеле писанд омад ва он чеҳраи аслии ин куҳанмиллатро бозкушоӣ мекунад.

-Хеле хуб. Аммо ин ҷо мехоҳам самти суолотро каме тағйир бидиҳам. ИМА абарқудраттарин кишвари дунёст ва мусаллам аст, ки дар тамоми нуқоти сайёра, аз ҷумла минтақаи мо манофеи худро пайгирӣ мекунад. Вале пайваста Амрикоро дар паҳн намудани «инқилобҳои ранга» ва умуман барҳам задани бархе кишварҳои алоҳида муттаҳам месозанд. Назари Шумо ба ин иттиҳомот?

-Барои ман хушбахтист оид ба муносиботи ИМА ва дигар кишварҳо, ҳамчунин арзишҳое, ки Амрико думболагирӣ мекунад, суҳбат биороям.
Сараввал иҷозат бидиҳед арз кунам, ки миёни ИМА ва Тоҷикистон муколамаи судманд дар сатҳи болоӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи чунин муколамаҳо, ки дар Душанбеву Вашингтон доир мегарданд, мо бо як эҳтироми хосса сари масъалаҳои дуҷониба мубодилаи афкор доир месозем. Пайваста аъзои парлумони кишвари шумо барои омўхтани коргузорӣ ва идоракунии давлатӣ, ҳамчунин мубодилаи таҷриба дар ин самт ба Амрико сафар мекунад, ки як падидаи хуб дар равобити кишварҳои мост.
Акнун оид ба «хатар»-ҳое, ки гўё Амрико ба бор меорад. Дар кишвари ман арзишҳо ва ҳуқуқҳои инсоние ба инобат гирифта мешаванд ва садрнишинанд, ки бояд ҳар як шаҳрванд ва инсони комилҳуқуқ ба он дастрасӣ дошта бошад. Ба ақидаи мо, агар ҳар як фард аз чунин арзишҳову ҳуқуқҳо бархурдор бошад ва онҳоро дар амал роҳандозӣ намояд, дар ниҳояти кор он ба суботи сиёсиву иқтисодӣ ва рушди ҷомеаҳо оварда мерасонад. Бисёри ин ҳуқуқҳо дар санадҳои байналмилалӣ дарҷ ёфтаанд ва қариб тамоми кишварҳои ҷаҳони мутамаддин, аз ҷумла Тоҷикистону ИМА зери онҳо имзо гузоштаанд. Дар хусуси «инқилобҳои ранга» ва «барҳам задани кишварҳо» ҳаминро гуфтаниям, ки ин иттиҳомот намунае аз ҷангҳои иттилоотист, ки мақсади онҳо бадном намудани Амрико ва сиёсати хориҷии он аст. Шабакаҳое, ки ин самтро пайгирӣ мекунанд, такя ба ғаразҳои худ ин амалро роҳандозӣ мекунанд. Дар ин самт мо гуфтаниҳои зиёд дорем, аммо хонандаи закӣ бояд худаш воқеъбинона вазъро таҳлил кунад ва такя ба далелҳои муътамад хулоса барорад.
Мо барои дастрасӣ пайдо намудани рўзноманигорони тоҷик ба иттилооти аввалия барои онҳо курсҳои забони англисиро ҷорӣ намудем, ки ба сарчашмаҳои иттилоот оид ба ИМА дастрасӣ пайдо намоянд, ки фикр мекунам, ба манфиати кор аст. Такрор мекунам, сиёсати аслии Амрико ба арзишҳои умумиинсонӣ такя мекунад, ки мақсади он фароҳам овардани зиндагии осоишта барои ҳар як фард аст.

-Аммо ин ҷо суоле мавриди баҳс аст, ки пеш ба сафири қаблии кишвари Шумо бону Сюзенн М. Эллиотт ҳам дода будам. Вожаи «таҳмили демократияи ғарбӣ» имрўз бисёр кишварҳоро нигарон кардааст ва онро ҳамчун дахолати зўроварона ба корҳои дохилии худ медонанд. Оё хуб нест, ки кишварҳо бо назардошти менталитет, расму оин ва вижагиҳои фарҳангии худ рушд кунанд?

-Суоли хуб аст, Азамат ва посухи дақиқро мехоҳад. Аммо ин ҷо мехоҳам каме ба таърих истинод кунам. Амрико кишварест, ки чанд садсола қабл онро одамони гуногун анқариб аз тамоми нуқоти олам асос гузоштаанд. Албатта, пеш аз омадани онҳо ин сарзамин дорои аҳолии бумӣ ва фарҳанги маҳаллӣ буд. Аммо муҳоҷирони омада ба фазои ин фарҳанг даромехтанд ва тавъам як тамаддун ва миллати наверо асос гузоштанд бо номи «амрикоиҳо». Қарнҳо пеш ҷараёни вуруди муҳоҷирон ба қитъа оғоз гардид ва он ҳоло ҳам идома дорад. Табиист, ки ҷомеаи мо дар зербинои риоя ва эҳтироми гуногунфарҳангӣ ва таҳаммулпазирӣ рўйи кор омадааст. Ҷомеаи амрикоӣ аз намояндагони нажод ва миллатҳои гуногун, бо расму оин ва бовару эътиқодоти мухталиф, ки дар ҷамъ як мозаикаи рангорангро мемонад, таркиб ёфтааст, ки ҳамаи онҳо зери мафҳуми томи «амрикоиён» шинохта мешаванд. Ҳамин гуна эҳтиром ва мадди назар гирифтани гуногунфарҳангиро мо дар хориҷи кишвар низ пайгирӣ мекунем.
Он чизе, ки «таҳмили зўроваронаи демократияи ғарбӣ» меноманд, дар асл вуҷуд надорад, риояи арзишҳои инсонӣ ва унсурҳои демократиро қисми ғолиби ҷомеаи башарӣ қабул кардааст. Аз ин сабаб, дар садади сухан рондан оид ба «судур» ё «таҳмили зўроваронаи демократия» эҳтиёткор бояд буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва рушди институтҳои демократӣ ин ҷо таърихи зиёд надорад. Вале бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр кунам, ки дар ин самт кишвари шумо ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст. Тағйироти мусбӣ дар самти таъсиргузор будани мардум дар ҳаёти рўзмарраи худ дида мешаванд. Дар мисоли дастрасӣ ба об натиҷаҳои мушаххас ба даст омадаанд, ки мо дар сатҳи маҳал ин ташаббусҳои мардумро дастгирӣ намудем. Ин муҳим аст, чун демократия бояд вертикалӣ-аз поён ба боло рушд кунад. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатро дуруст ба роҳ мондааст.

-Дар кадом самтҳо ҳамкориҳои мо муассир ҳастанд?

-Барномаи ҳамкорӣ ва кумакҳои мо ба Тоҷикистон аз соли гузашта 25% зиёд гаштааст ва ин падидаи хуб аст. Қисми зиёди ҳамкориҳои мо дар самти амният ва таъмини бехатарӣ ба роҳ монда шудааст. Барои ҳифзи сарҳадот ва пурзўр намудани ниҳоди қудратии Тоҷикистон мо якчанд барномаи кумакро амалӣ кардем, ки ин барои таҳкими истиқлолияти кишвари шумо муҳим аст. Ҳамчунин, дар самти рушди иқтисодиёт ва маорифу дигар соҳаҳо мо ҳамкориҳои зич дорем. Расонидани кумак ба макотиб ва дастрас намудани ғизои босифати кўдакон аз самтҳоест, ки имрўз дар кишвар роҳандозӣ мешаванд. Масъалаи равнақ бахшидани тиҷорат ва вусъат бахшидани алоқаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз ҳадафҳои мост. Рушди институтҳои демократӣ ҳам мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мебошад. Умуман, дар ҳамаи соҳаҳо мо дорои зарфиятҳои бузург ҳастем, ки онҳоро бояд истифода намуд.

-Сабаб чист, ки Амрико-кишвари дорои иқтисодиёти бузургтарини дунё назар ба дигар кишварҳо дар самти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мафъул (пассив) аст?

-Мо дар доираи формати ҳамкориҳои С-5+1 (5 кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА) кумакҳои худро мерасонем, хусусан дар масъалаи интиқоли молу мавод тавассути Афғонистону Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, ки ба рушди тиҷорати судманд дар минтақа таъсири мусбӣ мегузорад. Мо бояд кўшиш ба харҷ диҳем, ки ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва шаффоф гаштани он ёрӣ расонем, чун чанд қадаре он беҳтар гардад, ҳамон миқдор сармоягузорони амрикоӣ ин ҷо зиёдтар хоҳанд омад. Дар ин самт мо пешравиҳоро дида истодаем.

-Имрўз ягон масоили байналмилалие вуҷуд дорад, ки дар диди он Тоҷикистону Амрико мухолифназар бошанд?

-Хушбахтона, ман чунин масъаларо намебинам.

-Дар Амрико чанде пеш интихоботи президентӣ ҷараён дошт, ки бархилофи пешгўиҳои баъзе коршиносон тоҷири машҳур Доналд Трамп дар он пирўз гашт. Бо омадани маъмурияти нав дар Кохи Сафед муносиботи минбаъдаи кишварҳои моро чӣ гуна ояндабинӣ мекунед?

-Дар ин масъала ман комилан хушбин ҳастам. Агар маҷозан гўем, он дарахти дўстие, ки мо 25 сол қабл шинонда будем, аз меваҳои ширини он минбаъд низ хоҳем чашид. Ин солҳои сермаҳсул дар муносиботи тарафайн судманди мо буданд ва итминон дорам, ки солҳои оянда равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боз хубтару густурдатар хоҳанд шуд.

-Мо ҳам ба ин умед дорем. Бону Миллард, бори дигар Шуморо, ҳамчун корманди касбии соҳа, бо санаи 25-солагии ба роҳ мондани алоқаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо табрик мегўям ва дар мақоматон ба сифати сафир комёбиҳо таманно мекунам. -Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.

-Ба шумо низ ташаккур. Ба мардуми азизи Тоҷикистон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Мусоҳиб Азамат Дўстов






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: